Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОТКАНД

БОТКАНД

botkandБОТКАНД, Баткен, Бодканд, (аз бод ва қанд, яъне макони шамолу бод), вилоят дар қисми ҷанубии Киргизистон. Маркази маъмурияш – шаҳри Ботканд. 13 октябри 1999 аз вилояти Ӯш ҷудо шуда, воҳиди маъмурии мустақили Ҷумҳурии Кирғизистон эътироф шудааст. Ботканд аз 3 ноҳия (Ботканд, Қадамҷо, Лайлак) ва 4 шаҳр (Ботканд, Кизилкия, Сулукта, Ҳайдаркон) иборат буда, дар ҷануби ғарб ва шимоли ғарб бо Тоҷикистон, дар шимол бо Ӯзбекистон, дар шарқ бо вилояти Ӯш ҳамсарҳад аст. Аҳолиаш 442 ҳазор нафар (2012). Зичии миёнаи аҳолӣ – 26 нафар дар 1 километр2. Масоҳаташ 16,9км2 (8,5 дарсади ҳудуди Қирғизистонро ташкил медиҳад). Дар баландии 401 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Забони давлатӣ – қирғизӣ ва русӣ.

Дар Ботканд миллатҳои гуногун – қирғизхо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо, туркҳо, курдҳо, уйғурҳо, қазоқҳо ва ғайра маскунанд. Дар ноҳияҳои кӯҳии Ботканд асосан қирғизҳои кӯчманчӣ ва чорводор зиндагонӣ мекунанд.

Дар вилояти Ботканд шумораи бисёри тоҷикон низ (35 ҳазор нафар),аз ҷумла, дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадам­ҷо (25 ҳазор), дар деҳаҳои Андарак ва Коргони ноҳияи Лайлак (6 ҳазор), дар шаҳраки саноатии Ҳайдаркон (4 ҳазор) зиндагонӣ мекунанд. Ботканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон марзи муштарак дошта, то ҳанӯз миёни ду ҷум­ҳурии собиқи Шӯравӣ аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамчунин, дар дохили хоки Ботқанд минтақаҳои Ворух ва Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шак­ли ҷазира қарор доранд. Мисли он ҳамзамон минтақаҳои Сӯх ва Шоҳимардони Ӯзбекистон дар дохили Ботканд воқеанд. Дар Ботканд 3 мактаби тоҷикӣ мавҷуд буда, дар 5 мактаби ди­гар синфҳои тоҷикӣ амал мекунанд. Созмони Тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ дар ин вилоят шуъба ва марказӣ худро дорад. Айни ҳол дар Учқӯрғон, Ҳайдаркон, Андарак ва Коргон марказҳои фарҳангии тоҷикон фаъолият доранд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ тоҷикони Ботканд аз зумраи аҳолии таҳҷоӣ маҳсуб ёфта, ба унвони тоҷикони Фарғона маълум мебошанд. Аҳолии деҳаи Учқӯрғон тақрибан 500 сол қабл аз Самарқанд ба ин ҷо кӯчидаанд, ки асосан ҳама тоҷикон буданд. Ҳамчунин дар Учқӯрғон маҳалле бо номи Тоҷикқишлоқ мавҷуд аст, ки мардумаш тақрибан 200 сол қабл аз минтақаи Қаротегин (воқеъ дар Тоҷикистони кунунӣ) омадаанд ва то имрӯз бо шеваи самарқандӣ ва қаротегинӣ ҳарф мезананд. Тоҷикони деҳаи Коргони ноҳияи Лайлак аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Хайдаркони Ботканд аз тоҷико­ни ноҳияи Сохи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба ин сарзамин омада, то ҳол расму русум ва одатҳои худро ҳифз кардаанд. Соли 1940 дар шаҳраки Ҳайдаркон барои таъмини ниёзҳои сипоҳиёни Шӯравӣ корхонаи бузурги симоб бунёд шуда, дар он асосан тоҷикони ноҳияи Сӯх ҷалб гардида буданд. Айни замон дар ин шаҳр мактаби миёнаи тоҷикии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мавҷуд аст. Мардуми Ботканд асосан бо кишоварзӣ машғул буда, ғалладона, нок, гелос, шафтолу парвариш мекунанд. Дар Ботканд Кӯли Ай-Кёл ҷойгир аст.

   Қ. Мурувват.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …