Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОСТОНГУҲАР

БОСТОНГУҲАР

imagesБОСТОНГУҲАР, Бобомуллоев Саидмурод (таваллуд 10.9. 1960, деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент), бостоншинос ва муаррих. Доктори илмҳои таърих (2010). Баъди хатми мактаб (1977) дар заводи консерви шаҳри Панҷакент (1977-79) кор карда, солҳои 1979-81 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Баъди хатми факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар вазифаҳои лаборанти калони базаи бостоншиносии Панҷакент (1986- 1987), методисти осорхонаи мактаб (1989-89), х. х. илмии лабораторияи бостоншиносии осорхонаи мамнӯъгоҳи Ҳисор (1989-91), х. х. илмӣ (1991-97) ва х. к. илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон (1997-2000) фаъолият намудааст. Аз соли 2000 директори Осорхо­наи илмии Тоҷикистон. Бостонгуҳар дар экспедитсияҳои бостоншино­сии Саразм, Бунҷикат, Дашти Қозӣ, Зарча Халифа ва Аҷиннатеппа ширкат варзида, бо бостоншиносони машҳур Б. А. Литвинский, В. В. Ранов, Н. Н. Неъматов, А. И. Исҳоқов ҳамкорӣ мекард. Дар мавзӯъҳои «Тамаддуни кишоварзӣ ва чорводории Саргаҳи Зарафшон дар ҳазорсолаи II то милод» рисолаи номзадӣ (1996) ва «Таърихи омӯзиши ёдгориҳои археологии ҷануби Тоҷикистон» рисолаи докторӣ (2010) ҳимоя намудааст. Дар конференсияҳои байналхалқии Порис (2009, 2010), Берлин (2000), Ҳамбург (2001), Киёто (2005), Токио (2006), Манхейм (2010), Ма­дрид (2010), Лиобен (2010), Алмаато (2011), Ашқобод (2011) ва Маскав (2011) маърӯзаҳои илмӣ кардааст. Соли 2005 дар «Экспо-2005» ёдгорҳои бостоншиносии Тоҷикистонро дар шаҳри Айчии Ҷопон муаррифӣ кард Аз соли 2007 узви комиссияи сабти номи ёдгорҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва роҳбарӣ экспидитсияи бостоншиносии Қалъаи Кофарниҳон. Зиёда аз 80 мақолаи илмии Бостонгуҳар бо забонҳои олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ ба чоп ра­сидаанд.

Осор: Верховье Зарафшана во II тыс. до н. э. Душанбе, 1998; К истории археологического исследования Южного Таджикистана. Душанбе, 2006; Создание и деятельность Таджикской археологической экспедиции в 40-50-е годы XX века. Душанбе, 2006; История изучения археологических памятников Южного Таджикистана (XX- начаю XXI вв.). Душанбе, 2010.

С. Ғуломшоева.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …