Маълумоти охирин

БОСФОР

bosforБОСФОР (туркӣ Karadeniz Bogazi, юнонӣ Bosporos), гулӯгоҳи Константинопол (Қустантания) ва гулӯгоҳи камбари байни Аврупову нимҷазираи Осиёи Хурд, ки Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Мармарро бо ҳам мепайвандад. Дарозиаш 30 километр, бараш аз 0,75 то 3,7 километр, умқаш 27-120 м. Водии қадимии дарёӣ буда, дар давраи чорум (антропоген) зери баҳр мондааст. Соҳилҳои Босфор баланд ва ҷаринок буда, дар он лангаргоҳҳои мувофиқ ва табиӣ бисёранд. Дар яке аз онҳо халиҷи Шохи Тило ва дар соҳили дигараш (осиёӣ) шаҳри Истанбул воқеъ аст. Ду пули бесутун, ки дарозиашон 1500 ва 2800 метр аст, ба воситаи Босфор то Истанбул тӯл кашидаанд. Дар қабати болоии гулӯгоҳ ҷараёни об номураттаб буда, ҳар сол аз шимол ба ҷануб қариб 325 километр3 оби Баҳри Сиёҳро (шӯриаш 18%) ба Баҳри Мармар меорад. Ҷараёни муқобил (поёнӣ) аз Баҳри Мармар ҳаракат карда, қариб 175 километр3 оби шӯриаш 38%-ро ба Баҳри Сиёҳ мебарад. Мубодилаи оби гулӯгоҳи Босфорро бори аввал баҳрнаварди ҳарбӣ ва уқёнусшиноси рус С. О. Макаров солҳои 1881-82 таҳқиқ кардааст.

Адабиёт: Новая российская энциклопедия. Т. 3 (I). Москва,  2005.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …