Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРОНСАНҶ

БОРОНСАНҶ

boronsanjБОРОНСАНҶ, боронсанҷи Третяков, дастгоҳ барои чен кардани боришоти моеъ ва дигар қатраҳои намноки аз фазо фурӯрехта. Боронсанҷ аз зарфи филиззии устувонашакли баландиаш 40 см, ғунҷоишаш 500 см2 буда, дар фосилаи 17 см аз таги он ҳоҷиз (диафаграмма)-и қифшакли сурохдор барои пешгирии бухоршавии боришот пайваст шудааст. Дар зери ҳоҷиз сурохи нулборик барои рехтани об ба зарфи махсуси боронсанҷи мавҷуд аст. Боронсанҷ дар пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар баландии 2 м аз сатхи замин гузошта меша­вад.

Ад.: Большая советская энциклопедия. Т. 18. Москва, 1974; Новая рос­сийская энциклопедия. Т. 5(2). Москва, 2008.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …