Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОР Оге Ниле

БОР Оге Ниле

oge-borБОР Оге Ниле (19.6.1922, Копенгаген, Дания – 8.9. 2009, ҳамон ҷо), физики даниягӣ, яке аз муаллифони мо­дели коллективи (умумиятдодашуда)-и ҳаста, профессор (1956), узви Академияи шоҳии Дания (1955). Дар оилаи Маргарет ва Нилс Бор таваллуд шуда, дар байни физикҳои машҳур В. Паули ва В. Ҳайзенберг ба воя расидааст. Соли 1940 баъди чанд моҳи ишғоли Дания аз ҷониби Олмони фашистӣ ба Университети Копенгаген дохил шуд. Соли 1943 бо қувваҳои муқобилат ба Англия гурезонида шуд. Чун ёвари Н. Бор дар коркарди лоиҳаи атом иштирок кардааст. Солҳои 1944—45 корманди Лабораторияи миллии Лос-Аламос (ИМА) буд. Соли 1945 ба Да­ния баргашта, омӯзишро давом дод ва ба дараҷаи ма­гистр расид. Аз соли 1946 корманди Институти физикаи назариявии Нилс Бор. Дар университетҳои Принстон ва Колумбия таҷриба омӯхтааст. Дар он ҷо бо Ҷ. Рейнуотер ва Б. Моттелсон кор кард. Кори якҷои онҳо дар ибтидои солҳои 50 асри 20 барои инкишоф додани, ба истилоҳ, «модели кол­лективи (умумиятдодашуда)-и ҳаста» имкон дод. Соли 1958 якҷо бо Д. Пайнс модели фавқулҷоришавии ҳастаро пешниҳод карда, имкони мавҷудияти фавқулҷоришавии адронҳоро дар ҳастаҳо тахмин намуд. Якҷоя бо Моттелсон ва Рейнуотер «барои кашфи робитаи мутақобилаи байни ҳаракати коллективӣ ва ҳаракати зарраи алоҳида дар ҳастаи атом ва инкишофи ҳастаи атом, ки аз ҳамин робитаи мутақобила бармеояд» сазовори мукофоти Но­бел гардид (1975). Дар баробари кор дар Институти Бор дар Университети Копенгаген дарс мегуфт. Директори Институти Бор (1962-70), аз соли 1957 дар роҳбарияти Институти физикаи атомии назариявӣ кор кард ва солҳои 1975-81 директори он буд. Сипас, то охири умр омузгорӣ мекард. Узви як қатор академияҳои ҷаҳон буд.

Н. Салимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …