Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ САРМОЯГУЗОРӢ

БОНКИ САРМОЯГУЗОРӢ

bonki-sarmoyaguzoriБОНКИ САРМОЯГУЗОРӢ, ташкилоти молиявии махсусгардонида, ки ба сифати миёнарав ва кафил байни сармоягузор ва онҳое, ки ба сармоя эҳтиёҷ доранд, фаъолият мекунад. Бонки сармоягузорӣ маблағҳои барои сармоягузорӣ таъйиншударо ҷамъ менамояд (яъне фонди сармоягузорӣ ташкил мекунад), ба ширкатҳои эҳтиёҷманд аз тариқи сармоя­гузорӣ барои таҳияи бизнес-барнома ёрӣ мерасонад, коғазҳои қиматнокро барои ба роҳ мондани сармоягузорӣ харидорӣ менамояд, ё онҳоро ба сармоягузорон пешниҳод мекунад ва ё ба манфиати онҳо кор мефармояд. Дар Бонки сармоягузорӣ аҳолӣ амонат гузошта наметавонад. 

Ш. Дӯстбоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …