Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОНГИ ХАТАР

БОНГИ ХАТАР

bongi-khatarБОНГИ ХАТАР (ҳарбӣ), 1) Ишорати шартӣ (бо мушак, бурғу, шайпур), ки аз рӯйи он ҷузъу томҳои ҳарбӣ (қисм, итгиҳодия) дар муҳлати муқарраршуда дар ҳолати комилан тайёри ҳарбӣ барои иҷрои супориши ҷангӣ дар минтақаи аз рӯйи нақша муайяншуда ҳозир мешаванд. 2) Ишорати шартӣ (ё гурӯҳи ишорот), ки аҳолиро аз хатари ҳуҷуми ҳавоӣ, атомӣ, кимиёӣ ё хатарҳои дигар ва дар бо­раи ҷорӣ гардидани қоидаҳои муайяни рафтор огоҳ мена­мояд. Бонги хатар ба воситаи радио, телевизион, гудоки фабрикаву заводҳо, киштиҳо ва ғайра шунавонида мешавад. Баъди гузаштани хатар аҳолиро бо ишорати тамом шудани хатар огоҳ менамоянд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …