Маълумоти охирин

БОКУ

bakuБОКУ (Baki), шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон, бандари калони Баҳри Каспий ва шаҳри бузургтарини Қафқоз. Дар соҳили ҷанубии нимҷазираи Апшерон (Обшорон) воқеъ аст. Аҳолиаш 2 092 400 нафар (2011, бо атрофаш 2 600 100), асосан озариҳо (то соли 1990 сермиллат буд; зимни барӯйхатгирии соли 1989-ум 66 дарсади аҳолиаш озариҳо буданд). Тариқи гузаргоҳи киштиҳо (роҳи киштигард) бо шаҳрҳоои Туркманбошӣ, Бекдашем (Туркманистон) ва Оқтеппа (Қазоқистон) мепайвандад. Маркази роҳи оҳан дар Ганҷа, Дарбанд, Имишли, Салани ва Ленкоран. Аэропорти байналмилалӣ ва метрополитен дорад. Боку бори нахуст дар маъхазҳои асри 5 ва асарҳои ҷуғрофии асрҳои 9-10 («Ҳудуду-л-олам» ва дар осори Истахрӣ, Масъудӣ, Муқаддасӣ) зикр шудааст. Аз асри 11 бандари баҳрии асосии Шервон, дар охири асри 12 ва асри 15 маркази маъмурии давлати Шервоншоҳиён буд. Муаллифони асрҳои 12-15 (Ёқути Ҳамавӣ, Закариёи Қазвинӣ, Бакрон ва ғайра) кони нафт доштани Бокуро (дар асарҳои худ) қайд кардаанд. Соли 1540 Бокуро сипоҳиёни Сафавиён ва дар охири асри 16 Империяи Усмонӣ тасарруф намуданд. Соли 1604 қалъаи Бокуро лашкари шоҳ Аббоси 1 хароб кард. Солҳои 1723-35 ва 1796-97 зери тасарруфи сипоҳиёни рус қарор дошт. Соли 1747 маркази хонигарии Боку буд. Дар солҳои ҷанги байни русҳо ва форсҳо (1804—13) ба Руссия ҳамроҳ карда шуд (1806). Дар нимаи дуввуми асри 19 Боку бо саноати истихроҷи нафт босуръат тараққӣ кард. Апрел-июли 1918 таҳти назорати болшевикон, августи 1918 дар тасарруфи лашкариёни англис қарор дошта, дертар Бокуро туркҳо ба даст дароварданд. Солҳои 1919-20 пойтахти Ҷумҳурии Демократии Озар­бойҷон буд. Апрели 1920 ба Боку Артиши Сурх ворид гардид; солҳои 1920-91 пойтахти ҶШС Озарбойҷон буд. Аз соли 1991 пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон.

Боку маркази бузургтарини иқтисодии мамлакат буда, дороӣ се заводи пуриқтидори коркарди нафт аст. Бокуи муосир маркази саноати мошинасозӣ, киштисозӣ, электро­техники (заводҳои мошинасозии электрикӣ, «Электросвет», истеҳсоли яхдон ва кондитсионер), нафту кимиё (заводи коркарди кислотаи сулфат, истеҳсоли шина ва йоди Сурахан), коркарди семент, саноати сабук (истеҳсоли матоъҳои пахтагин, шоҳӣ ва моҳути маҳин, комбинати дузандагӣ, фабрикаи пойафзор) ва саноати хӯрокворӣ мебошад. Маркази Боку ба ду қисм – куҳна ва нав (аврупоӣ) ҷудо мешавад. Дар шаҳри қадима Шаҳри дарун, Қалъаи шикаста (асри 11), Қалъаи Духтар (асри 12), маҷмааи Қалъаи Шервон шоҳиён (асри 11), манора ва масҷиди Синик-қалъа (1079), Девонхона, манораи Масҷиди ҷомеъ, мақбараи ситорашинос Саиди Бокувӣ, корвонсаройи Мултон (асри 14) боқист. Дар қисми аврупоии Боку биноҳои охири асри 19 ва аввали асри 20, аз ҷумла бинои Думаи шаҳрӣ (1900), театрҳои мусиқӣ-мазҳакавӣ, Академияи илмҳо, Филармо­ния, хонаи А. Қулиев (1899), осорхонаи адабиёти Озар­бойҷон ба номи Низомӣ ва дигар майдону хиёбонҳои Озарбойҷон, Нафтчиён, ба номи Р. Бейбутов, Истиқлолият; майдонҳои марказии Азалдӣ, Ознефт, Фузулӣ, масҷидҳои Тоза-Пир (1914), масҷиди Имом Ҳусейн, Хоҷӣ Султонлӣ ҷой гирифтаанд. Дар Боку донишгоҳ (1919), 8 мактаби олӣ, Академияи илмҳо (1945), 32 Осорхона (аз ҷумла осорхонаҳои таърихи Озарбойҷон, санъат, осорхо­наи қолинбофӣ), 8 театр, Сирк, Боғи ботаникӣ ва Боғи ҳайвонот мавҷуд аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …