БОҚИРИ ҲИРАВӢ донишманд ва хушнависи асри 16-и тоҷик. Фарзанди хаттоти маъруф Миралии Ҳиравӣ. Санъати нозуки хаттотию хушнависиро аз падараш омӯхтааст. Боқири Ҳиравӣ ба ғайри хунарманди хушнавис будан илмҳои мутадовилаи замонаш — хусусан калом ва ҳикматро хеле батакмил аз худ намудааст. Ӯ аввал дар дарбори ҳокимони Ҳиндустон хидмат карда, баъдҳо дар дарбори Ҳумоюнподшоҳ наққошу хушнависи маъруф буд. Осори Боқири Ҳиравӣ дар китобхонаҳои Порис, Истанбул ва Теҳрон нигоҳдорӣ мешавад.
Б. Раҳматов.