БОҚИМУҲАММАДИ ӮРОТЕППАӢ хаттоти тоҷик (асри 19). Дар маҳаллаи Боғкалони Ӯротеппа дар оилаи боғбон таваллуд ёфта, назди тағояш, хаттоти номӣ Тӯрахоҷаи Истаравшанӣ таълим гирифтааст. Боқимуҳаммад бисёр ашъор ва асарҳоро китобат кардааст. Аз ҷумла «Нигористон» ном асари китобаткардаи ӯ дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон таҳти рақами 3494 маҳфуз аст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …