Маълумоти охирин

БОЙСУН

boysunБОЙСУН, ноҳия (аз 29 сентябри соли 1926) ва шаҳр (аз 1975, маркази ноҳияи Бойсун) дар вилояти Сурхондарё. Масофаи Бойсун аз шаҳри Душанбе ба самти ғарбӣ 200 км, баландиаш аз сатҳи баҳр 1240 метр буда, дар самти ғарбии охири куҳи Ҳисор ҷойгир шудааст. Аз самти шимоли шарқ бо ноҳияи Сари Осиё, аз Ш. бо ноҳияи Қумқурғон, аз ҷануб бо ноҳияи Кизирик ва Бандихон, аз ҷануби ғарб бо ноҳияи Шеробод, аз шимоли ғарб бо ноҳияи Қамашӣ ва Деҳқонободи вилояти Қашқадарё ҳамсарҳад аст. Ҳудудаш Бойсун – 3,72 ҳазор км2. Аҳолиааш беш аз 80 ҳазор нафар (2000) асосан тоҷикҳо. Аз 7 ҷамоати деҳоти мардумӣ (Авлод, Бойсун, Дарбанд, Маччойӣ, Работ, Сайроб, Қурғонча) таркиб ёфтааст.

Иқлими Боойсун хушки субтропикист. Моҳи январи ҳарорати ҳаво дар баландии 850 м +2, дар баландии 3200 м – 6; моҳи июл дар баландии 830 м +30 аст. Боришот, ба ҳисоби миёна, дар баландии 500-1200 м то 150-400 мм, дар баландии бештар аз 1200 м то 450-800 мм. Даври нашв 230-240 рӯз аст. Дар Бойсун бодҳои фён ва шамоли афғонӣ мевазанд. Аз куҳҳои Бойсун дарёву сойҳои зиёде монанди Шерободдарё, Маччойидарё, Шӯроб, Хоҷабӯлгансой, Панҷоб, Лайлаконсой, деҳаҳои Хоҷаи Пок, Қурғончасой, Ҳалқаҷар, Оҳангаронсой ва ғайра ҷорӣ мешаванд.

Дар асари Истахрӣ «Масолик ва-л-мамолик» (асри 10) номи қадимии Бойсун «Босанд» (дар ҳудуди давлати Чағониён) омадааст. «Ҳудуду-л-олам» (асри 10) Босандро шаҳраке медонад бо «…мардуми бисёр, дар роҳи Бухорову Самарқанд. Ҷойи устувору мардумони ҷангӣ». Номи Босанд то истилои муғул дар гард буд ва баъдан дар талаффузи туркони бадавӣ гунаи Бойсунро гирифтааст. То даврони Аморати Бухоро маркази бекигарӣ буда, дар он тоҷикони муқимӣ ва қабилахои кӯчии ӯзбектабор зиндагӣ мекардаанд. Дар осори таърихнигорони руси асрҳои 18-20 Н. А. Маев, А. Шишов, Б. X. Карамишев ва дигар роҷеъ ба сокинони муқимии Бойсун иттилооти муҳим ироа гардидааст. Сарчашмаҳои таърихӣ, осори бостоншиносӣ ва фарҳанги зиндаи мардум бар он далолат мекунанд, ки аз замонҳои қадим дар ин минтақа тоҷикон сокин буда, баъдан қабилаҳои гуногуни турктабор омадаву маскун шудаанд.

Бойсун яке аз шаҳрҳои бостонӣ мебошад. Г ори Тешиктоши он ба осори давраи палеолити поён мансуб буда, таърихи такр. беш аз панчҳазорсола дорад. Аз Бойсун нишонахои осо­ри бостонии зиёде пайдо шудаанд. Дар арафаи асри 1-и милодӣ дар ҷойи Бойсун шаҳре ба номи Қалъаи Пойи Калон мавҷуд будааст.

Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ дар Бойсун шаҳрҳову қалъаҳои қадимии зиёде, монанди Пойқурғон, Қозимуллотеппа, Сарибандтеппа, Ялангтуштеппа, Дарбанд, Минчоқтеппа, Бӯйрачӣ, Қизилҷартеппа, Муллотеппа, Қалъақурғон пайдо шудаанд, ки Бойсун Тешиктош аз ҷумлаи онҳост. Аз ин мағок қариб 3 ҳазор маснуоти сангӣ ва ҷасади писарбачаи 8-9-сола пайдо шудааст. Дар ҳудуди шимоли ғарбии Бойсун кӯҳи Бойсунтоғ мавҷуд аст, ки давоми кӯҳи Ҳисор буда, дар доманаву атрофи он кӯҳҳои хурд ҷойгиранд. Аз он кӯҳҳо уконит, карамзит, карбид, оҳаксанг, гази табиӣ, ангишт, боксит, фосфор ва маводи ди­гар истихроҷ мекунанд.

Дар Бойсун рустаниҳои себарга, майса, ширалаф, ғумой, янтоқ, нахӯтак, так-так, печак, шӯралаф, рӯян, лола, юнучқа, савсан, бойчечак, гули хайрӣ ва гиёҳҳои шифобахши кокӯтӣ, ипор, занҷабил, говзабон, барги зуф, ревоҷ, қоқу, хокистарак, риши буз, рова, исфанох, алкор, зирк, бӯймодарон ва ғайра, ҳамчунин, дарахтони арча, чанор, дулона ва ғайра мерӯянд. Аз ҳайвонҳо бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ (гуроз), суғур, рӯбоҳ, гург, хорпушт, аз парандаҳо кабк, уқоб, чил, алошақшақа, мусича, майна, гунҷишк ва ғайра умр ба сар мебаранд

Корхонаҳои саноатии Бойсун: Ҷамъияти саҳомии «Ишонч», кони ангишти «Бойсун» ва дигар корхонаҳои хурд. Соли 1994 аввалин корхонаи карбид ба кор даромад. Муассисаҳои хидматрасонии «Тадбиркор» ва «Ҳунарманд» мушкили аҳолиро осон мегардонанд. Дар Бойсун 164 корхонаи хурд, 18 ҷамъияти саҳомӣ, автокалоннаҳои «Бойсун», «Бойсунқурилиш» ва бисёр корхонаҳои сайёр амал меку­нанд. Бахши кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҷангалдорӣ ривоҷ доранд. Кишти ғалла, боғдорӣ, занбурпарварӣ тараққӣ кардааст.

Пешаҳои гуногуни мардумии мисгарӣ, кулолӣ, заргарӣ, сандуқсозӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, гулзанӣ, кашидадузӣ, алочабофӣ, карбосбофӣ, нонвоӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, чармгарӣ ва ғайра дар хидмати ҳамагонанд. Корхонаи шоҳибофӣ фаъолият дорад. Амонхона яке аз аҷибтарин мавзеъҳои Бойсун буда, аз қадим боз зиёратгоҳ ва ҷои табобатии мардум маҳсуб мешавад. Беҳуда нест, ки ЮНЕСКО Бойсунро сарзамини ганҷинаи фарҳанги маънавии инсоният эълом дошт. Дар деҳаҳои Авлод, Сари Осиё, Кӯшкак, Посурхӣ, Бибиширин, Сайроб, Панҷоб, Дарбанд, Дуоба, Санггардак, Деҳи Боло, Қурғонча, Ҳавз, Назарӣ ва ғайра асо­сан тоҷикон ба сар мебаранд ва фарзандонашон дар мактабҳои тоҷикӣ таҳсил мекунанд. Онҳо забони модарӣ, расму ойин, анъана ва дигар суннатҳои худро қавӣ нигоҳ доштаанд. Аз замонҳои қадим то ҳол дар байни тоҷикони Бойсун нишонаҳои фарҳанги бостони ориёӣ ба хубӣ мушоҳида мешаванд. Аз ҷумла, то имрӯз дар байни тоҷикони Бойсун анъанаи афсонагуӣ, қиссапардозӣ, шоҳномахонӣ, аксиягӯйӣ, байтбарак, суруду таронахонӣ дар ривоҷанд. Лаҳҷаҳои тоҷикии Бойсун аз ҳамдигар тафовут дошта, вижагиҳояшонро донишмандони соҳа X. Ҳамроқулов ва У. Қурбонов таҳқиқ кардаанд. Манзараҳои рӯзгори тоҷикони Бойсун дар осори С. Айнӣ, Ҷ. Икромӣ, С. Турсун, И. Насриддин, А. Маҳмадшоҳ, Р. Махсумзод ва дигар адибони тоҷик инъикос ёфтааст. Бойсун дар пешрафти илму фарҳанги умумитоҷикӣ ҳиссаи намоён гузошта, таърихшиноси номӣ академик Мулло Эркаев, донишманди соҳаи кишоварзӣ ва собиқадори умури ҳизбию давлатӣ А. Б. Қарақулов ва бисёр докторону профессорони дигарро ба воя расондааст.

Адабиёт: Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Душанбе, 1998; Шишов А. Таджики. Алматы, 2006; Ҳамроқулов X. Шеваҳои тоҷикони райони Бойсун. Душанбе, 1961; Маев Н. А. Очерки горных бекств Бухарского ханства//МСТК, вып. У, 1879; Карамышев Б. X. Очерки этнической истории южных райо­нов Таджикистана. Москва, 1976; Кисляков Н. А. Сайробские таджики//Советская этнография. 1965, № 2; Ҳудуд-ул-олам/Таҳиягари матн Н. Қосимов. Душанбе, 1983; Ӯзбек миллий энсиклопедиясӣ. Т. 2. Тошканд, 2001; Раҳмонӣ Р. «Достони Барзу» дар гуфтори Ҷӯра Камол. Душанбе, 2007; Rahmoni R. Traces of Ancient Iranian Culture in Boysun District, Usbekistan. // Asian Folklore Studies, Japan, Nagoya, Vol. 60, 2001. рр.295-304; Rahmoni R. Tajik Women as Folktale Tellers: Tales in tradition. (With video-records). Moscow, 2002;

Р. Раҳмонӣ

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …