Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЪИС

БОЪИС

nomi-khudoБОЪИС, ал-Боъис (барангезанда ва зиндасозанда), яке аз номҳои накӯи Худованд. Вожаи Боъис аз решаи баъс ба маънои барангехтан, равона намудан ва эҳё кардан гирифта шуда, муштаққоти гуногуни он дар Қуръон ба ҳамон маънои васеи луғавиаш 70 бор ба кор рафтааст, ки биъсат (барангехтан)-и пайғамбарон, зинда гардонидани баъд аз миронидан (баъси баъдалмавт), эҳёи табиат пас аз давраи карахтӣ, гумоштан ба коре ва ғайраро дар бар мегирад. Тамоми ин маонӣ дар зимни номи Боъиси Худованд шомил ҳастанд, вале аслан як маъно барангехтани мурдагон аз қабрҳояшон дар рӯзи қиёмат дар корбурдҳои истилоҳӣ бар маъноҳои дигари он ғолиб гардида, тақрибан ба он ихтисос ёфтааст ва аҳёнан ба маънои биъсати пайғамбарон низ ба кор рафтааст: (22:7;6:36; 58:6;64:7).

Боъис вақте ба маънои барангезанда (зиндасозанда) ба кор равад, бо номҳои Муҳйӣ, Муъид ва Ҷомеъи Худованд мутародиф мебошад. Ин вожа дар Қуръони карим бо муштаққоти феълӣ омадааст ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ «Сунан»-и Тирмизӣ (3507), «Сунан»-и Иб­ни Моҷа (3861), «Мустадрак»-и Ҳоким ва «Фатҳулборӣ»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (14/468, 469) ба шакли исми фоил зикр шудааст.

А. Боқизода.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …