Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҶИ ДАВЛАТӢ

БОҶИ ДАВЛАТӢ

gosudarstvennaya-poshlinaБОҶИ ДАВЛАТӢ, пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ. Супорандагони Боҷи давлатӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки барои анҷом додани амалиёти дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ва до­дани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки Боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд. Дар Тоҷикистон Боҷи давлатиро мақомоте меситонад, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон барои ситонданн Боҷи давлатӣ ва­ колатдор шудаанд. Объектҳои ситондани Боҷи давлатиро моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи дав­латӣ» пешбинӣ намудааст. Боҷи давлатӣ ситонида мешавад: аз аризаҳои даъвоӣ, аризаҳо (шикоятҳо, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ), ки ба судҳои Тоҷикистон пешниҳод мешаванд; барои анҷом додани амалиётҳои дороӣ аҳаммияти ҳуқуқӣ дар мақомоти адлия, мақомоти ваколатдо­ри давлатӣ оид ба дин ва андоз; барои анҷом додани ама­лиёти нотариалӣ мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон; барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон; барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳое, ки бо гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ё баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон алоқаманданд; барои анҷом додани дигар амалиёти дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ. Андозаи ситондани Боҷи давлатиро моддаи 4 Қонуни зикршуда пешбинӣ намудааст, ки бо дарсад аз нархи даъво ва нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст. Боҷи давлатӣ бо асъори миллӣ дар бонкҳо (филиалҳои онҳо), ҳамчунии тавассути интиколи маблағҳои Боҷи давлатӣ аз ҳисоби боҷсупоранда ба воситаи бонкҳо (филиалҳои онҳо) пардохта мешавад. Қабули Боҷи давлатӣ аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо додани шакли муқарраргардидаи квитансия (хатти расид) амалӣ мегардад. Б. оҷи давлатӣ комилан ба буҷети давлатӣ ворид мешавад.

Пардохти Боҷи давлатӣ аз рӯйи парвандаҳое, ки аз тарафи суд­ҳои Тоҷикистон баррасӣ мегарданд, то пешниҳод наму­дани аризаи дахлдор (шикоятҳои кассатсионӣ ё назо­ратӣ), ҳам чунин ҳангоми аз тарафи судяҳо додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо; барои анҷом додани амалиётҳои дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ва мақомоти он, инчунин мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва андоз, ҳангоми бақайдгирии давлатӣ; ба­рои иҷрои амалиётҳои нотариалӣ, барои додани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо – ҳангоми супоридани онҳо; барои сабти давлатии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ оид ба ворид наму­дани ислоҳу тағйирот дар он, ҳангоми додали аризаҳои дахлдор; барои додани шаходатномаи такрорӣ ва гувоҳнома ҳангоми додани онҳо; барои сабти давлатии бекоркунии ақди никох аз рӯйи ризояти дутарафаи ҳамсарон, ки фарзандони ноболиғи умумӣ надоранд – ҳангоми саб­ти санад; барои қайди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Тоҷикистон мувофиқи иҷозатномаи зист истиқомат доранд – то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор; барои додани шаходатномаи ҳуқуқ ба шикор ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии соҳибкори инфиродӣ то супоридани ҳуҷҷатҳои дахлдор; аз рӯйи парвандаҳое, ки бо соҳиб шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон ё баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон, ин­чунин хориҷ шудан аз Тоҷикистон ва воридшавӣ ба Тоҷикистон вобаста аст – то гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор; аз рӯйи амалиёте, ки дар биржаҳо, бо коғазҳои қиматнок – ҳангоми харидани амволи корхонаҳои давлатӣ доир ме­гарданд – ҳангоми иҷро; барои музояда ва баргузории экспертизаи сарватҳои фарҳангӣ–то баргузории он.

Боҷи давлатии пардохташуда дар ҳолатҳои зерин қисман ё пурра баргардонда мешавад: ба андозаи зиёд ворид наму­дани Боҷи ддавлатӣ назар ба андозае, ки Қонун муқаррар намуда­аст; баргардондан ё рад намудани қабули аризаҳо, шико­ятҳо ва ё муроҷиати дигар аз ҷониби судҳо, ҳамчунин рад намудани иҷрои амалиёти нотариалӣ аз ҷониби мақомо­ти ваколатдор; дар ҳолати рад кардани иҷрои амалиёти дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ё гирифтани ҳуҷҷат аз ҷониби шахси Боҷи давлатиро пардохта – то муроҷиат ба мақомоте, ки амалиёти дорои аҳаммияти ҳуқуқии мазкурро иҷро менамояд; рад кардани додани шиносномаи хориҷӣ (умумишаҳрвандӣ).

Боҷи давлатии ба буҷети давлатӣ пардохташуда дар асоси қарори мақомоти молия, мувофиқи аризаи хаттии боҷсупоранда ва хулосаи мақомоти барои ситонидани боҷ ваколатдор, дар муддати даҳ рӯзи қабули қарор дар бораи баргардондани он аз ҷониби мақомоти дахлдори молиявӣ баргардонда мешавад.

Супорандагони Боҷи давлатӣ ва мақомоти ваколатдоре, ки Боҷи давлатиро меситонад, барои нодуруст ҳисоб кардан ва ба буҷет гузарондани маблағҳои Боҷи давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»).

Адабиёт: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ». Душанбе, 2004.

Д. Абдумоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …