Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / «Бешаи палангон»

«Бешаи палангон»

«Бешаи палангон», «полвонтуғай»,   аввалин мамнӯъгоҳест дар республика, ки 4 ноябри 1938 бо қарори Комиссариати халқии зироати РСС Тоҷикистон бо мақсади муҳофизати ҳайвоноти нодир, комплекси табиии ба биёбони ҷануб ва поёноби дарёҳои Осиёи Миёна хос ва гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафаи илмӣ ташкил карда шудааст. 14 январи 1941 «Полвонтуғай» ба ихтиёри Филиали тоҷикистонии АФ СССР (баъдтар АФ РОС Тоҷикистон) гузашт. 9 майи 1959 бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон ба ҳайати Комитети давлатии хоҷагии ҷангали РСС Тоҷикистон дохил шуд. Масоҳати мамнӯъгоҳ қариб 51 ҳазор га (1980).

besha

«Полвонтуғай» дар ҷанубу ғарби республика, шимолтари маҳалли якшавии дарёҳои Вахш ва Панҷ воқеъ гардидааст. Территорияи мамнӯъгоҳ туғайзори соҳилҳои поёноби дарёи Вахш, қитъаи биёбони регзори Қашқақум, кӯҳи Буритов ва инчунин нимбиёбони доманакӯҳи ҷануби к.ӯҳи Хоҷақозиёнро дарбар мегирад. Мамнӯъгоҳ дар баландии 323— 530 (кӯҳи Хоҷақозиён, 1000—1200) м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Релефи поёноби мамнӯъгоҳ ҳамвирии пастидор буда, дар байни он кӯли пур аз алафҳои обӣ воқеъ гаштааст. Баъзе кӯлҳо, масалан, Аллакӯл (солҳои 1875—1876 ба вуҷуд омадааст) зиёда аз 2 км дарозӣ ва то 10 м чуқурӣ дорад. Қисми саргаҳи мамнӯъгоҳ биёбон аст. Тобистонаш гарм ва зимистонаш кӯтоҳи нисбатан хунук буда, барф ниҳоят кам меборад.

Набототи мамнӯъгоҳро туғайзор (қариб 25 ҳазор га) ташкил медиҳад. Махсусан туғайзори соҳили чапи дарёи Вахш (тақрибан 12 ҳазор га) аҷаб назаррабост. Аз дарахтон туранға (як навъ сафедор) ва ҷигда (санҷиди худрӯй) хеле бисёр аст. Ҷойҳои шӯрхокро буттазор (газ, ушнон, шӯрбутта ва ғайра) ва алафзор (шибоғ, шутурхор, шӯрагиёҳ ва ғайра) фаро гирифтааст. Дар биёбони мамнӯъгоҳ саксавул, инчунин ҷузгун ва черкез мерӯяд. Соҳилу ҷойҳои пастоби дарё ва кӯлҳо асосан лух ва найзор аст. Марғзор ва алафзори баланд (сарнай-эриантус, қалам, қиёғ ва ғайра) низ дорад.

Ҳайвоноти мамнӯъгоҳ гуногун ва хоса аст. Дар кӯлу дарё зағорамоҳӣ, лаққдмоҳӣ, хромуля, сихмоҳӣ ва яке аз моҳиҳои қадима белмоҳӣ ҳастанд. Аз ҳайвоноти хазанда морҳои заҳрдори кубро, гурза ва мори афъӣ, инчунин калонтарин калтакалоси мамлакати мо сусмор — «тимсоҳи биёбон» вомехӯранд. Дар мамнӯъгоҳ махсусан паррандаҳои гуногун бисёранд. Зимистон дар кӯлҳои « Полвонтуғай » 10—15 ҳазор мурғони гуногуни обӣ гирд меоянд. Тазарв ифтихори мамнӯъгоҳ аст. « Полвонтуғай » ягона ҷоест, ки дар он саршумори тазпрв нисбатан бисёр (то 2500) аст. Дар мамнӯъгоҳ 33 намуди ҳайвоноти ширхор сокин аст. Холгул, ғазол, гуроз, кафтор, шағол, рӯбозр, гурбаи найзор ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд. «Шоҳи даррандагон»-и мамнӯъгоҳ — бабри тӯрони ҳамагӣ 20—25 сол муқаддам барҳам хӯрдааст. Ташкил ёфтани мамнӯъгоҳ барои нигоҳ доштану зиёд намудани саршумори ҳайвонот (хусусан холгул, ғазол ё ҷироя, тазарв ва ғайра) роли калон бозид. Саршумори холгул (намуди ягонаи гувазни республикаи мо) ҳоло ба 450—500 сар расидааст.

Мамнӯъгоҳи « Полвонтуғай » гӯшаи аҷоиби табиати назаррабои Тоҷикистон буда, дорои аҳамияти калони илмию амалист.

Ад.: П о т а п о в Р. Л., В «Тигровой балке», Записка зоолога, М,. 1962; С а п о ж н и к о в Г. Н., Рациональное использование и охрана природных богатств Таджикистана, Д., 1967; хамон муалл., Заповедники Таджикнстана, Д., 1973.

Г. Н. Сапожнипов, Ю. И. Молощовский.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …