Маълумоти охирин
Главная / M. A. (страница 9)

M. A.

Абдулмӯъмини Ҳофиз

Абдулмӯъмини Ҳофиз (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, са­роянда ва оҳангсози форсу тоҷик (асри 14 – 15), намояндаи машҳури мактаби мусиқии Самарқанди замони Темуриён. Аз аҳли Самарқанд буда, дар назди Абдулқодири Гӯянда асосҳои назариявӣ ва амалии шеъру мусиқиро омӯхтааст. Дар ҳофизӣ яке аз санъатварони маъруфи замон буд ва дар дарбори …

Муфассал »

Абдулмалики I

Абдулмалики I (935, Бухо­ро – 961, ҳамон ҷо), панҷумин амири сомонӣ, писари калонии амир Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ, машҳур ба «Амири Рашид». Амир Нӯҳ васият кардааст, ки пас аз марги вай чаҳор писараш ба тартиби бузургӣ яке пас аз дигаре ба салтанат бирасанд. Пас аз он ки амир Нӯҳ аз …

Муфассал »

Абдумалик ибни Марвин

Абдумалик ибни Марвин (соли таваллудаш тақрибан 674 – вафоташ 705, Димишқ), халифа аз силсилаи Умавиён. Солҳои 685 – 705 ҳукуматдорӣ кардааст. Дар манбаъ ва маъхазҳои таърихӣ Абдулмалик сахтгир ва сангдилу бераҳм ёдрас шудааст, ки дар фурӯ нишондани қиёму шӯришҳо (аз қабили шӯриши Абдуллоҳ ибни Зубайд дар Макка ва Ироқ, 685 …

Муфассал »

Абдуллоҳхон ибни Искандар

Абдуллоҳхон ибни Искандар (1532/1533, Офаринкенти Миёнколи Зарафшон – 8. 2. 1598, Самарқанд), маъруфтарин ҳукмфармо аз сулолаи Шайбониён. Падараш Искандархон, бобояш Ҷонибек, бобокалонаш Хона Муҳаммад ибни Абулхайрхон. Аввал дар Кармина буд, ҳамлаи ҳокими Тошканд Наврӯз Аҳмадхон ва Абдуллатифро рафъ карда, падарашро, ки ба ҷониби Амударё фирор карда буд, дубора ба вилояти …

Муфассал »

Абдуллоҳхон

Абдуллоҳхон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), яке аз хонҳои шайбонӣ, аз ашрофзодагони муғул, сипаҳсолор ва ҳокими мустақил дар Мовароуннаҳр (асри 16). Модараш Оиша Бегим яке аз духтароии Ҳусайн Бойқаро буд. Аз соли 1530 Абдуллоҳхон ба унвони сипаҳсолор дар хидмати сипоҳи Бобур будааст. Бобур дар китоби худ «Бобурнома» аз ӯ ёд …

Муфассал »

Асари «Абдуллоҳнома»

asari-abdullohnoma

«Абдуллоҳнома» асари таъ­рихӣ. Бо номҳои «Шарафномаи шоҳӣ», «Зафарнома» низ машҳур буда, таълифи Ҳофизи Таниш аст. Воқеаҳои давраи Абдуллоҳхони II (1534 – 1598)- ро дар бар мегирад, ки бо супориши махсуси худи ӯ таълиф ёфтааст. Ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Ки­тоб бояд аз муқаддима, ду мақола – фасл ва хотима иборат …

Муфассал »

Абдуллоҳи Шерозӣ

Абдуллоҳи Шерозӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва хаттоти эронӣ (асри 16). Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абдуллоҳи Шерозӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Дар китобхонаи султон Абулфатҳи Иброҳим ибни Бағром (ҳукмрониаш 1556-1577) ба ҳайси хаттот хидмат мекардааст. Тибқи баъзе маълумоти таърихӣ муддати кӯтоҳе дар Машҳад сукунат доштааст. Бино …

Муфассал »

Абдуллоҳи Шаҳобӣ

Абдуллоҳи Шаҳобӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти форс-тоҷик (асри 16). Дар Казвин умр ба сар бурдааст. Дар айёми ҷавонӣ ба омӯзиши хаттотӣ ва анвои хат пардохта, ин пешаро ба хубӣ аз худ намудааст. Бино ба маълумоти тазкираи «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ Абдуллоҳи Шаҳобӣ қобилият ва истеъдоди баланди хат­тотӣ дошта, …

Муфассал »

Абдуллоҳи Шабистарӣ

Абдуллоҳи Шабистарӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Аз авлоди Маҳмуди Шабистарӣ. Дар Самар­қанд, Ҳирот ва Осиёи Хурд зиндагиву таҳсил ва эҷод кардааст. Дар илмҳои таърих, ирфон, хусусан риёзиёт яке аз зубдаҳои даврон эътироф гардидааст. Соли 1520 аз Самарқанд ба Осиёи Хурд сафар карда, ба хидмати дарбори …

Муфассал »

Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ

Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ (соли таваллуд ва вафоти номаълум), хаттоти то­ҷик (нимаи аввали асри 19). Аз доираи ада­бии Истаравшан. Абдуллоҳи Ӯротеппаӣ дар навиштани навъҳои хати настаълики чалй, хафй ва шикаста мумтоз буд. Соли 1814 «Насабиома»-и Амир Хайдар ва 1837 «Тазкират-ул-авлиё»-и Фа- ридуддини Атторро (дар Ӯротеппа) бо хати настаълиқи зебо китобат намуд. Китоб …

Муфассал »