Маълумоти охирин
Главная / M. A. (страница 8)

M. A.

Абдулҳақи Деҳлавӣ

Абдулҳақи Деҳлавӣ ибни Сайфуддини Деҳлавии Бухороии Туркӣ (тақрибан 1551, Деҳлӣ, – 1642, ҳамон ҷо), суфии маъруф, шоир, муаррихи таърихи ислом ва географ. Гузаштагони ӯ аз Бухоро ба Деҳлӣ рафтаанд. Абдуҳақи Деҳлавӣ суфимаслак буда, пайрави тариқати қодирия будааст. Вай соли 1587 ба ҳаҷ рафта пас аз бозгашт соли 1642 дар Деҳлӣ …

Муфассал »

Абдулҳайи Муҷахарфӣ

abdulhayi-mujaxarfi

Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Шайх Абдулҳайи Домулло Муҳаммадсобири Абдулазим (1867, деҳаи Муҷаҳарфи Раштқатл 1931, маҳаллаи Сариосиёи Душанбе), адиб, донишманд ва орифи тоҷик. Падари Абдулҳайи Муҷахарфӣ таҳсилкардаи яке аз мадрасаҳои Бухоро ва муфтии Муҷаҳарф буд. Абдулҳайи Муҷахарфӣ таҳсили ибтидоиро назди падар шурӯъ карда, минбаъд аз шайх Шаҳобуддини Ёзгандӣ (пири тариқат дар Тавилдара) сабакҳои …

Муфассал »

Абдулҳай Собирзода

Абдулҳай Собирзода (1869, де­ҳаи Чормағзаки Қаротегин – 1951, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар наз­ди падараш савод бароварда, сипас таҳсилро дар яке аз мадрасаҳои Қӯқанд давом додааст. Баъд аз хат- ми Мадраса ба зодгохаш баргашт ва ба дехконй машгул шуд. Ба шеъру шоирӣ дар айёми таҳсил майлу рағбат пайдо кард. Аз …

Муфассал »

Абдулҳай

Абдулҳай (1360, Бағдод – 1420, Самарқанд), мусаввир ва хаттоти форс-тоҷик. Устод Шамсуддини Самарқандӣ ӯро ба тарбият гириф­та, тамоми нозукиҳои ин ҳунарро ёд додааст. Дере нагузашта Абдулҳай чун мусаввири дарбори Султон Увайси Ҷалоирӣ ном мебарорад ва шӯҳраташ аз ҳудуди давлати Ҷилоирия, ки пойтахти он Бағдод буд, берун мебарояд. Соли 1393 Темур …

Муфассал »

Абдулҳаев Рақиб

Абдулҳаев Рақиб (таваллудаш 10. 2. 1938. деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ), таърихнигор, доктори илми таърих (1993), профессор (1999), Арбоби илм ва техникаи Точикистон (1999). Хатм- кардаи УДТ (1961). Аспирант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дони­ши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон  (1962 – 1975), дотсенти …

Муфассал »

Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ

Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ ибни Абдулҷамил (соли таваллудаш номаъ­лум – вафоташ 1179, Ғиждувони Бухоро), назариётчӣ ва асосгузори тариқати хоҷагон, пири рӯҳонии Баҳоуддини Нақшбанд, яке аз шогирдони маъруфи Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ. Осори бисёре боқӣ мондааст, ки мазмунҳои фалсафию ирфонӣ доранд. Муҳимтарини онҳо «Маноқиби Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ», «Ибтидои ҷомеъ-ул-кулам», «Маслак-ул-орифин» мебошанд. «Иб­тидои ҷомеъ-ул-кулам» панду …

Муфассал »

Абдулфаттоҳ ибни Мулло

Абдулфаттоҳ ибни Мулло Абдулхалили Ҷӯйборӣ (соли таваллуд ва ва­фот номаълум), хаттоти тоҷик (нимаи дуюми асри 19 – ибтидои асри 20). Зодгоҳаш Бухоро. Дар навиштани чанд навъи хат, бахусус анвои хати настаълик машҳур будааст ва китоби бисёреро бо хати зебову хоно китобат наму­дааст. «Кимиё» ном китобе бо хати зебои ӯ рӯнавис …

Муфассал »

Деҳаи Абдулфаёз Дӯстов

Абдулфаёз Дӯстов, деҳа дар Ҷамоати деҳоти Тӯғалони ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон. Аз Абдулфаёз то маркази ноҳия 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2800 нафар (2009), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобҳо на ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз канали Қумсангир …

Муфассал »

Абдулов Карим

Абдулов Карим (таваллудаш  26. 02. 1939, деҳаи Сурхкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – 5. 12. 2010, Хуҷанд) иқтисоддон, таърихнигор, доктори илми таърих (1990), про­фессор (1991). Корманди шоистаи То­ҷикистон       (1997). Техникуми молияи Сталин обод (1958) ва УДТ-ро (1964) хатм кардааст, солҳои 1964 – 1967 котиби ташкилоти ком­сомолии ҳамин донишгоҳ,  1968 – 1973 …

Муфассал »

Абдулмӯъминхон

Абдулмӯъминхон (соли таваллудаш но­маълум – вафоташ 1599), аз сулолаи Шай­бониён. Писари Абдуллоҳхони II . Ҳокими Балху Бадахшон (1582 – 1598) ва хони Бухоро (1598 – 1599) буд. Аз соли 1589 муносибати падару писар бад шуд. Сабаб он буд, ки Абдуллоҳхони II Ҳиротро аз дасти Сафавиён баргардонда, сипас ба Қулбобо Кӯкалтош …

Муфассал »