Омонимҳо (юн. йотбз — якхела ва бпута — ном) , калимаҳое, ки аз ҷиҳати талаффуз ва сохт ба ҳам монанд буда, маъноҳои гуногун доранд. Дар забон якчанд роҳи пайдоиши Омонимҳо вуҷуд дорад. Масалан, калимаҳое ба якдигар омоним мешаванд, ки ягон умумияти маъноӣ надоранд: шаст — рақам, шаст — асбоби моҳигирӣ, …
Муфассал »Абдуррашиди Таттавӣ
Абдуррашиди Таттавӣ Сайид Абдуррашид ибни Абдулғафур ал-Хусайнӣ ал-Маданӣ ат-Таттавӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони нимҷазираи Х,инду Покистон (асри 17). Дар шаҳри Таттаи иёлоти Ҳинди Покистон таваллуд ёфта ба камол расидааст. Абдуррашиди Таттавӣ замони салтанати Шоҳиҷахон (ҳукмронии 1627 – 58) ҳаёт ба cap бурдааст. Ба қалами Абдуррашиди Таттавӣ ду …
Муфассал »Абдуррашид ибни Маҳмуд
Абдуррашид ибни Маҳмуд (соли таваллуд номаълум – вафот 1058), амири Ғазнавиён (1050 -1058). Фармондеҳи сипоҳи Султон Масъуд буд. Ракибони аслии Fазнавиён дар замони ҳукумати Абдуррашид дар Ғарб салҷуқиён ва дар Шарқ қарохониён буданд. Солҳои ҳукумати Абдуррашид ба ҷанг бо салчукиён барои тасарруфи Систон ва манотики ғарби Афгонистон гузашт. Сиёсати хориҷии …
Муфассал »Абдурраҳмонхон
Абдурраҳмонхон (1844-1.10. 1901), амири Афғонистон (1880-1901), набераи амир Дӯстмуҳаммадхон. Солҳои 60 асри 19 ҳокими Тошкӯрғон буд. Барои тоҷу тахти Кобул бо амакзодаи худ Шералихон мубориза бурд. Соли 1869 шикаст хӯрда, ба Самарқанд омад ва ёздах сол истиқомат намуд. Баъди ҷанги дуюми байни Англия ва Афғонистон ба ватанаш баргашт, бо ёрии …
Муфассал »Абдурраҳмони Ҷомӣ
Абдурраҳмони Ҷомӣ, нигаред Ҷомӣ.
Муфассал »Абдурраҳмони Xоразмӣ
Абдурраҳмони Xоразмӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1462), хаттот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 15). Яке аз устодони маъруф ва муваффақи хати настаълик. Бештари умраш дар Шероз ва Бағдод гузаштааст. Чанде ҳам- роҳи писараш Абдурраҳим дар дарбори Яъқуб ибни Ҳасан Оққуюнлу (хукмронии 1478 – 90) хидмат кардааст. Аз рӯйи яке аз …
Муфассал »Абдурраҳмони Ӯротеппаӣ
Абдурраҳмони Ӯротеппаӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва хушнависи тоҷик (нимаи дуюми асри 19). Дар гузари Чармгари Ӯротеппа дар оилаи Муҳаммадбой ном шахси олиму фозил ба дунё омад. Баъди дар зодгохаш соҳиби маълумоти ибтидоӣ гардидан, барои такмили дониш ба мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро меравад. Дар Мадраса Абдурраҳмон Ӯротеппаӣ, дар баробари …
Муфассал »Абрурраҳмони Танбӯри
Абрурраҳмони Танбӯри Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), оҳангсоз, сароянда ва навозандаи машҳури тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Самарқанд. Бино ба ахбори «Рисола дар баёни «Шашмақом» (1896) санъати овозхонию сознавозиро аввал дар зодгоҳаш фаро гирифта, барои такмили ҳунар ба Бухоро рафтааст. Дар он ҷо бо Қорӣ Каромати Дилкаш, Аҳмади Дониш ва …
Муфассал »Абдурраҳмони Суфӣ
Абдурраҳмони Суфӣ Абулҳусайн (Абулҳасан) Абдурраҳмон ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Саҳли Суфии Розӣ (8. 12. 903, Рай, Эрон – 25.5.986, Исфаҳон), мунаҷҷим ва чуғрофидони арабизабони форс- тоҷик. Солҳои 946 – 947 дар шаҳри Диновар (наздикии Кирмоншоҳ), солҳои 948 – 949 дар Исфаҳон зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Абдурраҳмони Суфӣ тарғибкунандаи равияи …
Муфассал »Абдурраҳмони Самарқандӣ
Абдурраҳмони Самарқандӣ, Мирзо Мулло Абдураҳмон ибни Муҳаммадлатиф Мустаҷири Самарқандӣ (соли таввллуд ва вафот номаълум), сайёҳ, мутарҷим, роҳбалад ва ҳамкори олимони рус дар омӯзиши этнография ва географияи Осиёи Миёна. Абдурраҳмони Самарқандӣ аслан тарҷумон ва роҳбалади шарқшинос ва географи рус Абдурраҳмони Самарқандӣ А. Л. Кун дар Экспедитсияи Искандаркӯл (1870) дар болооби дарёи …
Муфассал »