Маълумоти охирин
Главная / Anonymous (страница 7)

Anonymous

САФОИИ ТАБРЕЗӢ

САФОИИ ТАБРЕЗӢ таваллуж номаълум, Табрез — вафот 1607, Қазвип), шоири форс-тоҷик. Дар Табрез таҳсил карда, баъди аз ҷо- ниби туркони усмонӣ забт шудани ин шахр ба Қазвин фирор кард ва дар он ҷо даргузашт. Сафоии Табрезӣ дар фиқҳ устод буд ва бо хаттотӣ низ машғул мешуд. Маҳорати баланди шеъргӯӣ дошт …

Муфассал »

САФОЕВ Тошпӯлод

САФОЕВ Тошпӯлод (1902, деҳаи Гашниёни Файзобод—5. 12. 1974, шаҳри Қӯрғонтеппа), пахтакор, Қаҳрамони ‘Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —1945). Солҳои 1939 —1963 коргар, сардори бригадаи пахтакории совхози ба номи В. В. Куйбышеви райони Қӯрғонтеппа ва аз соли 1963 нафақахӯри шахсӣ. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Муфассал »

САФИФА

modarandar

САФИФА (арабӣ пешонӣ) тибби қадим истилоҳест, ки мавзеи байни чашмону мӯи пеши сарро ифода мекунад.  

Муфассал »

САФОЕВ Солеҳҷон

САФОЕВ Солеҳҷон (таваллуд 1900, деҳаи Самсолиқи Қаротегин), яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷанги гражданӣ иштирокчии Револютсияи Бухоро. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1923. Аз 12- солагӣ дар заводи пахтаи Хӯқанд кор кардааст. Баробари сар шудани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) ба …

Муфассал »

САФО Забеқуллоқ

САФО Забеқуллоқ (таваллуд 1911, деҳаи Шоҳмирзоди Симнон), адабиётшиноси эронӣ. Таълимотӣ ӣбтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш ва Бобул гирифта, Донишкадаи Теҳронро хатм намудааст. Дар донишкада Сафо рисолаи «Ҳамосасароӣ дар Эрон»-ро навишта, соҳиби унвони доктори илми адабиёт гардид ва дар ҳамин до- нишкада ба сифати муаллими адабиёт ба кор машғул шуд. Ӯ …

Муфассал »

САФИУДДИНИ НУРБАХШ

САФИУДДИНИ НУРБАХШ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар охири асри 15 ва нимаи аввали асри 16 умр ба сар бурдааст. Дар зодгоҳаш — шаҳри Рай ба омӯзиши илмҳои расмии замон пардохтааст. Ӯ пайрави тариқаи тасаввуфии нурбахшия буд. Дар тазкираҳои «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ, Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ ва ғайра ҳамчун …

Муфассал »

САФИНА

book-1

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман дар шаб давом ҳамчун сафина дар халиҷ, Ман бар ӯ собит чунон чун бодбон андар суфун. 2) дафтари шеър, баёз, маҷмӯаи ашъор ва ғайра: Чунончи, Ҳофиз гуфтааст: Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал …

Муфассал »

«САФИНАИ ХУШГӮ»

«САФИНАИ ХУШГӮ» тазкираест, ки шоир ва насрнависи форсизабони Ҳиндустон Биндробан Доси Хушгӯ солҳои 1724—1734 таълиф кардааст. Шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 1418 нафар шоир: форсизабони давраҳои мутақаддим ва муосири муаллифро дар бар мегирад. Шоирон мувофиқи таърихли таваллуд ё вафот зикр шудаанд. «Сафинаи Xушгӯ» аз се дафтар иборат аст: дафтари аввал …

Муфассал »