Маълумоти охирин
Главная / Anvar (страница 170)

Anvar

БОНАПАРТИЗМ

bonapartizm

БОНАПАРТИЗМ, сиёсатест, ки дар натиҷаи буҳрони сиёсии ҷомеа яке аз гурӯҳҳои қудратгалаб вазъи баамаломадаро истифода намуда, бо ёрии артиш ё нерӯҳои низомии дигар ҳокимиятро соҳиб мешавад. Сараввал истилоҳи Бонапартизм барои ифодаи диктатураи ҳарбии Наполеон Бона­парт ва Луи Бонапарт истифода шуда, дертар маънии фарохтари сиёсати эътимодбахши ҳарбиеро гирифт, ки дар миёни …

Муфассал »

БОНАПАРТИЁН

bonapart

БОНАПАРТИЁН (фаронсавӣ Bonaparte, итолиёӣ Buonaparte), сулолаи императорони фаронсавӣ, ки Наполеони I Бонапарт (соли 1804) асос гузоштааст. Насли Бонапартиён аз Флоренсия ибтидо гирифта, соли 1529 ба Корсика кӯч мебанданд; аз насл ба насл суду адвокат будаанд. Соли 1757 падари асосгузори сулола Карло Мариа Бонапарт унвони дворянӣ (ашрофӣ) гирифтааст. Намояндагони сулолаи Бонапарт …

Муфассал »

БОН

bon

БОН (Moringa olcifera), ҳуббулбон, як навъ дарахт. То 10 метр қад мекашад. Бон баргҳои нозуку хушбӯй дошта, аз донаҳои пистамонанди он равғани хушбӯй (35-40%) мегиранд. Ба ақидаи Абурайҳони Берунӣ агар Бонро ҷӯшонанд, бӯйи баланд пайдо мекардааст. Равғани Бон аз беҳтарин равғанҳои хушбӯй аст. «Анбари бобон» (анбари омехта бо Бон) яке …

Муфассал »

БОМШОД

images

БОМШОД (фавт 634, Тайсафун), сароянда, навозанда, мусиқидон ва шоири машҳури замони Сосониён. Ҳунари сознавозию овозхониро дар зодгоҳаш омӯхта, дар дарбори шоҳони Сосонӣ чун ромишгар хидмат кардааст. Бомшод аз ромишгарони замони Борбад буда, дар иҷрои таронаҳои рустоӣ, фаҳлавиёт, достонҳои таърихию хамосӣ, сурудҳои силсилаи ниёишии «Каркуй», «Лоскавӣ», «Уроманӣ» маҳорати баланд доштааст. Бомшод …

Муфассал »

БОМИЁН

bomiyon

БОМИЁН, номи вилоят ва шаҳри кӯҳан дар маркази Афғонистон. Дар шимол Бомиё бо Самангон, дар ҷануб бо Ғазнӣ ва Урузгон, дар шарқ бо Бағлон, Парвон ва Вардак, дар ғарб бо Сарипул ва Ғур ҳамсарҳад аст. Дар байни доманакӯҳҳои марказии ду силсилакӯҳи бузургу машҳур – Ҳиндукушу Бобо ҳамчун минтақаи сарсабзе воқеъ …

Муфассал »

БОМҒУРА

bomgura

БОМҒУРА, деҳа дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Вахдат. Аз Бомғура то маркази шаҳри Вахдат 17 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 2071 нафар (2013). Деҳа нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Бомғура мактаб надорад. Талабагон дар мак­таби деҳаи Амоншайхӣ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Роҳатӣ обёрӣ …

Муфассал »

БОМБААФКАН

bombaafkan

БОМБААФКАН, бомбапарто, бомбаандоз, ҳавопаймоҳои ҳарбӣ барои маҳв кардани ҳадафҳои рӯйизаминӣ, зеризаминӣ, рӯйиобӣ, зериобӣ ва минагузорӣ аз ҳаво. Бомбаафкан қабл аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) пайдо шудааст. Аввал самолётҳои сабуки иктишофи (разведкакунанда)-ро чун Бомбаафкан истифода мебурданд. Дар дохили онҳо фақат чанд бомбаи хурд ҷойгир мешуд ва бомбаҳоро ҳавонавардон бо даст …

Муфассал »

БОМБАБОРОН

bombaboron

БОМБАБОРОН, амал ё аксуламали тахрибӣ, ки дар вақти муҳориба аз тарафи тааррузкунандагон ё мудофиагарон бо мақсади саркӯб кардани ҳамдигар ва расидан ба ҳадафҳои низомӣ иҷро мегардад. Дар Бомбарон барои ҳадафи мушаххас бомбаи махсус (нигар Бомба) истифода мешавад. Бомбаронро барои анҷом додани корҳое, ки аз нерӯи инсон ва ҳатто мошин болотар …

Муфассал »

БОМБА

Bomb

БОМБА (олмонӣ Bombe – ғулғула), 1) номи қадимии гулӯлаҳои артиллерӣ. Аз асри 19 сар карда дар артиллерияи рус гулӯлаҳоеро, ки бештар аз 1 пуд (16 кг) вазн доштанд, Бомба меномиданд. Ибтидои солҳои 30 асри 20 номи Бомба аз истилоҳоти артиллерия хориҷ гардид. 2) Бомбаи авиатсионӣ – навъи лавозимоти авиатсионӣ, ки …

Муфассал »

БОМАХРАМА Абумахрама

hadis

БОМАХРАМА Абумахрама, хонадони донишмандоне аз аҳли Ҳазрамавти Яман дар асрҳои 15-16. Намоёнтарин аъзои ин хонадон, ки дар фиқҳ, ҳадис, таърих, шеър ва тасаввуф номоваранд, инҳо мебошанд: Абутаййиб Афифуддин Абдуллоҳ ибни Аҳмади Ҳимярии Шайбонӣ (1430-1498), фақеҳ ва адиб. Бинобар дониши густарда ва сароҳати гуфтор мавриди алоқа ва эҳтироми оммаву хосса, аз …

Муфассал »