МАДОИН (юнонӣ Ktesiphon, Тайсафун), шаҳри қадим дар соҳили дарёи Даҷла (наздикии ш. Бағдод дар Ироқ) Аз асри 1 то м. то аввали асри 3 м. қароргоҳи зимистонаи подшоҳони ашконӣ буд. Аз асри 2 м. Мадоинро римиён якчанд маротиба ишғол намудаанд. Аз соли 226/227 м. ба пойтахти давлати Сосониён ва яке …
Муфассал »Деҳаи Мордова дар ноҳияи Панҷакент
МАДОВРА, деҳа дар С. қ. Рӯдакии pайони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Терр. колхози ба номи Рӯдакӣ. Аз Мадовра то маркази С. қ. 8 км, то район 66 км. Аҳолиаш 264 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ҳаштсола, магазин ва осиёб дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз дарёи Уреч …
Муфассал »Деҳаи Мадм дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ
МАДМ, деҳа дар С. қ. Урметани ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод. Терр. колхози «Ӯзбекистан». Аз Мадм то маркази С. қ 14 км, то район 48 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1138 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, устохонаи дуредгарӣ, 2 магазин ва ғ. дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — …
Муфассал »Мадзини Ҷузеппе
МАДЗИНИ (Mazzini) Ҷузеппе (22. 6. 1805, Генуя— 10. 3. 1872, Пиза), революционери италиявӣ, демократ буржуазӣ, яке аз пешвоёни ҳаракати миллии озодихоҳии Италия, ҳуқуқшинос. Аз соли 1827 иштирокчии ҳаракати карбонарийҳо. Соли 1830 ба хаос гирифта шуд. Мадзини маҷбур гардид, ки Италияро тарк кунад. Соли 1831 дар Марсель ҷамъияти «Италияи ҷавон»-ро ташкил …
Муфассал »МАДАНИЯТИ МЕГАЛИТӢ
МАДАНИЯТИ МЕГАЛИТӢ, номи умумии чанд маданияти археологии давраи энеолит ва асри биринҷӣ. Унсури хоси – он сохтмони биноҳои мегалитӣ (иншооти аз сангҳои калон бунёдгардида). Тахмин меравад, ки мегалитҳои қабилаҳои ба ҳам хеш сохтанд, ки дар соҳили баҳрҳои Аврупои Ғарбӣ мезистанд ва баъд ба ҷойҳои дигар кӯчидаанд. Ин тахминро тадқиқоти навтарин …
Муфассал »МАДАНИЯТИ ӮЗБОИ ПОЁН
МАДАНИЯТИ ӮЗБОИ ПОЁН, маданияти давраи неолит, мансуб ба ҳазораҳои 2—1 то м. Соли 1951 С. П. Толстов кашф ва тадқиқ намуд. Бошишгоҳҳои М. У. П. дар регзори соҳилҳои чапу рости Ӯзбой аз мавзеи Калонқую Тугалак (РСС Туркманистон) ёфт шудаанд. Бошишгоҳҳо дар теппаи соҳили чапи Ӯзбой ҷойгиранд. Аз бошишгоҳҳои Калонқую Ҷайроқ …
Муфассал »МАДАНИЯТИ ҚАРОСУҚ
МАДАНИЯТИ ҚАРОСУҚ, маданияти археологии охири асри биринҷӣ. (охири ҳазораи 2—ибтидои ҳазораи 1 то м.). Асосан дар кӯҳҳои Сибири Ҷанубӣ, Қазоқистон, болооби дарёи Обь паҳн буд. Ёдгории асосии Маданияти Қароқус боқимондаи бошишгоҳу қабрҳо мебошад. Майитҳо дар қуттиҳои сангӣ гӯронида, болои онҳо хокпӯш, атрофашон бо тахтасангҳо ба шакли чоркунҷа иҳота карда мешудаанд. …
Муфассал »МАДАНИЯТИ ҚАЙРОҚҚУМ
МАДАНИЯТИ ҚАЙРОҚҚУМ, маданияти давраҳои миёна ва охири асри биринҷӣ. Маданияти Қайроққум асосан дар қисми ғарбии водии Фарғона, дар соҳили рости дарёи Сир ва обанбори Қайроққум паҳн шудааст. Ёдгориҳои Маданияти Қайроққумро соли 1954 бори аввал А. П. Окладников кашф ва солҳои 1955—56 Б. А. Литвинский тадқиқ кард. Бостоншиносон Маданияти Қайроққумро ба …
Муфассал »МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ
МАДАНИЯТИ ЯМНАЯ, маданияти археологии давраи энеолит, ки дар нимаи дуюми ҳазораи 3 — аввали ҳазораи 2 то м. дар минтақаи даштии Аврупои Шарқӣ, аз Урал то поёноби Дунай паҳн гардида буд. В. А. Городцов соли 1901 аввалин ёдгориҳои Маданияти Ямнаяро дар Донеци Северск кашф ва муайян намуд. Аз сохти қабрҳои …
Муфассал »МАДАНИЯТИ ШУМЕР
МАДАНИЯТИ ШУМЕР, маданияти ҳазораҳои 4—3 то м. шумериҳо, ки дар қисми зиёди Байнаннаҳрайн паҳн буданд. Баробари маданияти мисриён қадимтарин маданияти ҷамъияти синфӣ мебошад. Ба Маданияти Шумер олоти мисӣ, баъдтар биринҷӣ ва инкишофи зироати обӣ хосанд. Иморатҳо аз хишти хом бо ҳавлиҳои даруну берун сохта мешуданд. Ибодатгоҳ маркази шаҳр ҳисоб мешуд, …
Муфассал »