САФЕДКӮҲ, қаторкӯҳест дар шимоли ғарби Афғонистон. Қисми меҳварии системаи кӯҳҳои Паропамизро ташкил медиҳад. Тӯлаш қариб 350 километр, баландиаш то 3642 метр. Ба самти арзӣ кашол ёфта, водии дарёҳои Мурғоб ва Ҳарирудро аз ҳам ҷудо мекунад. Асосан аз оҳаксанг таркиб ёфтааст. Дараҳояш бисёранд. Ландшафти нишебиҳои қаторкӯҳ нимбиёбонӣ буда, баъзан арчазор ва пистазорҳо вомехӯранд.
Tags қаторкӯҳ
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …