Маълумоти охирин
Главная / Техника / СИСТЕМАИ АВТОМАТОНИДАШУДАИ ИДОРА (АСУ)

СИСТЕМАИ АВТОМАТОНИДАШУДАИ ИДОРА (АСУ)

СИСТЕМАИ АВТОМАТОНИДАШУДАИ ИДОРА (АСУ), маҷмӯи усулҳои иқтисодию математикӣ, воситаҳои техникӣ (ҳисобмошинҳои электронӣ, воситаҳои алоқа, олатҳои тасвири информатсия ва ғайра) ва комплекси тадбирҳои ташкилиро гӯянд, ки объектҳои мураккабро босамар идора менамояд. Системаи автоматонидашудаи идора ҳосилнокии меҳнати кормандони аппарати баплангирӣ ва идораро баланд, хароҷоти маъмурию идоравиро кам мекунад ва звеноҳои зиёдатии идораро барҳам медиҳад. Системаи автоматонидашудаи идора аз системаи идораи автоматӣ бо чунин хусусиятҳояш фарқ мекунад: одам тавассути он на фақат автоматҳоро идора мекунад, балки худаш низ дар просесси идора фаъол иштирок менамояд; натиҷаҳои коркарди оперативии информатсияро таҳлил ва кори звеноҳои алоҳидаи системаро координатсия карда, ҳангоми аз кор бозмондани системаи коркарди маълумот идораи оперативиро ба зиммаи худ мегирад; дар асоси нишондодҳои ченкунӣ усулҳои тадқиқоти илмиро интихоб, тарзҳои пай дар пай гузаронидани экспериментро муайян менамояд; масъалаҳои интихоби кадрҳо, аттестатсияи кормандон, баланд бардоштани ихтисоси онҳо ва ғайраро ҳал мекунад. Системаи автоматонидашудаи идора вобаста ба доираи амалии байнидавлатӣ, давлати, соҳавӣ, иттиҳодиявӣ, муассисавӣ ва технологӣ; вобаста ба таъминот ва характери объекти идора маъмурӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ, мудофиавӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, истеҳсолотию техникӣ, иҷтимоӣ, нақлиётӣ, алоқа; вобаста ба функсияҳои иҷроия маъмурию ташкили, технологӣ ва интегралӣ; вобаста ба характери масъалаҳои стратегӣ (баплангирии перспективӣ), тактики (баплангирии ҷорӣ), оперативӣ ва информатсионӣ; вобаста ба информатсияи баромади информатсионӣ-маълумотӣ, информатсионӣ-идоракунанда; вобаста ба структура мутамарказӣ ва демарказонидашуда; вобаста ба истифодаи навъҳои ҲМЭ рақамӣ, аналогӣ, муштарак ва ғайра шуда метавонад. Барои назорат ва координатсияи просессҳои баплангирӣ ва идораи коркарду татбиқи Системаи автоматонидашудаи идора он ба заруртарин таҳсистемаҳои зерин ҷудо мешавад: тараққиёти перспективии соҳа; баплангирии техникӣ-иқтисодӣ; идораи оперативӣ; идораи фурӯши маҳсулот; идораи корҳои молия; баплангирӣ, ҳисобу китоб ва таҳлили музди кор; идораи таъминоти масолеҳ ва техника; баплангири, ҳисобу китоб ва таҳлили кадрҳо; идораи корҳои илмию тадқиқотӣ; идораи сохтмони асосӣ; ҳисобу китоби бухгалтерӣ; ипформатсияи илмӣ ва техникӣ. Марказҳои ахборотию ҳисоббарорӣ, пунктҳои гирдоварӣ, интиқоли информатсия, диспетчерӣ, алоқа ва ғайра звеноҳои асосии Системаи автоматонидашудаи идора мебошанд. Дар Иттифоқи Советӣ корҳои механиконӣ ва автоматонии ҳисобҳои плании алоҳида бори аввал (охири солҳои 50 ва ибтидои солҳои 60) дар корхонаҳои Москва, Ленинград, Киев, Минск, Лвов тавассути ҳисобмошинҳои на он қадар мукаммал гузаронида шуданд.

  Дар Тоҷикистон ҳам коркард ва татбиқи Системаи автоматонидашудаи идора солҳои 70 оғоз ëфт. Алҳол дар республика навбати якуми 12 системаи автоматонидашудаи идора, аз ҷумла системаи соҳавӣ: статистикаи давлатӣ (АСГС ЦСУ), корҳои баплангирии Госплан (АСПР), идораи вазоратҳои сохтмон, саноати сабук, нақлиёти автомобилӣ, хоҷагии қишлоқ, идораи ташкилотҳои территориявии «Тоҷикглавэнерго», «Главтоҷикводстрой», Управленияи геология ва ғайра амал мекунад.

Л. Турсунов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …