АБУНАСРИ МУШҚОН Мансур (соли таваллуд номаълум – вафот 1039 – 40, Ғазна), насрнавис ва адиби форс- тоҷик. Пас аз таҳсили улуми мутадовилаи давр ба хидмати давлати Ғазнавиён дохил шуд. Муддати 30 сол дар девони рисолати султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ҳукмронии 998 -1030) ва писари ӯ Масъуди Ғазнавӣ (ҳукмронии 1030 – 41) вазифаи дабириро ба ӯхда доштааст.
Дар дарбор яке аз шахсони мӯътабар ба шумор мерафт. Султонҳо Маҳмуд ва Масъуд оид ба корҳои муҳими давлатӣ бо вай маслиҳату машварат мекарданд. Абунасри Мушқон аз нозукиҳову нафосат, обу ранги бадеии забонҳои форсиву арабӣ огоҳӣ дошт. Бо амри султонҳо номаҳои давлатиро бо сабку услуби маъмул дар номанигорӣ (зебу орои сухан, истифода аз саноеи бадеъ ва ғайра) иншо мекард. Абунасри Мушқон дар дарбори султон Масъуди Ғазнавӣ 19 сол хамроҳ бо таърихнигор Абулфазли Байҳақӣ ҳамкор буд. Байҳакӣ Абунасри Мушқонро чун устоди худ эътироф кардааст. Т. Неъматзода.