АБУМАНСУРИ БУХОРӢ, Абумансур ибни Ҳасан ибни Нӯҳи Қамарии Бухорӣ (соли таввллуд номаълум – вафот 990), олими соҳаи тиб. Дар аҳди Со- мониён зиндагӣ кардааст. Оид ба тиббу табобат таълифоти бисёр дорад: «Рисола андар илоҷи амрози садр» («Тарзу усулҳои муолиҷаи бемориҳои қафаси синаи), «Китобу ғино ва муно», «Маҷмӯаи кабир дар адвияи муфрада», луғати тиббии «Ал-Манвир». Дар таълифоти Абумансури Бухорӣ масъалаҳои муҳими тибби назариявӣ ва амалӣ, анатомия ва физиология, амрози гуногун, тарзу усулҳои пеш- гирии бемориҳо, беҳдошти об, манзил ва ғайра инъикос ёфтаанд.
Адабиёт: Исҳоқӣ, Ю.. Тоҷиев Я., Таърихи мухтасари тибби тоҷик, Душанбе, 1993.