АБУЛМАОЛИИ НАСРУЛЛОҲ Ибни Муҳаммад ибни Абдулҳамиди Муншии Шерозӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), адиб, муншӣ, насрнависи форс-тоҷик (асри 12). Дар дарбори Ғазнавиён муншӣ ва дабир буд. Дар охири умраш ба мансаби вазирии Хусрав Малик (ҳукмронии 1160 – 86/87) расид.
Аз ҷумлаи корҳои муфиди Абулмаолии Насруллоҳ тарҷумаи китоби «Калила ва Димна» аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ мебошад. Вай тарҷумам ин китобро аз рӯи таҳрири арабии Ибни Муқаффаъ анчом додааст. Тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ дар давраи салтанати Баҳромшоҳ (ҳукмронии 1099 – 1115) ба итмом расид. Аз ин ҷост, ки он бо номи «Калила ва Димнаи Баҳромшоҳӣ» низ маъруф аст.
Чунонки дар муқаддимаи тарҷумаи Абулмаолии Насруллоҳ омадааст, вай кӯшидааст, бар хилофи мутарҷимони дигар, ки аз ҷиҳатҳои панду ахлоқии «Калила ва Димна» сарфи назар кардаанд, мазмуни ахлоқӣ ва фалсафии онро аз нав барқарор намояд. Тарчумаи Абулмаолии Насруллоҳ аз ҷиҳати сабку услуб асари бадеии мустақил аст ва намунаи беҳтарини насри асри 12 ба шумор меравад. Абулмаолии Насруллоҳ шоир низ буд. Дар «Калила ва Димна» ва сарчашмаҳои адабӣ намунаҳо аз шеърҳои ӯ омадаанд.
Адабиёт: Калила ва Димна, Душанбе, 2009.