Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАТҲИ СИҶЗӢ

АБУЛФАТҲИ СИҶЗӢ

АБУЛФАТҲИ СИҶЗӢ ибни Аҳмад (тақрибан 954 – 1024), шоҳмотбоз, файласуф. мунаҷҷим ва риёзидон. Муаллифи «Китоби шатранҷ». Нусхаи қадимии ин асар (бештар аз 300 саҳифа) соли 1313 ҳиҷрӣ дар Бухоро рӯнавис шудааст, ки он ҳоло дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.

Абулфатҳи Сиҷзӣ дар аввали китоб ақидаҳои фалсафию иҷтимоии худро баён намуда, дар хусуси фазилатҳое, ки шатранҷ дар асоси онҳо бино ёфтааст, ҳикматҳое, ки дар ин бозии зебо ниҳон аст, дар бораи одоби бозӣ ва ғайра мухтасар маъ­лумот медиҳад. Абулфатҳи Сиҷзӣ  инсонро пурқиматтарини мавҷудоти олам дониста, омӯхтани бозии шатранҷро воситаи равшан кардани фикру зеҳн ва тақвияти ақлу дониши он мешуморад. Дар хусуси таърихи пайдоиши шатранҷ сухан ронда, устодон ва муқаддимони ин санъатро ном мегирад.

Ӯ дар асоси маъхазҳои қадимӣ ба чунин хулоса меояд, ки шатранҷ аз ихтирои ҳиндуён набуда, балки онро дар асри 6 ба Ҳиндустон аз Эрон бурда, тағйир медиҳанд ва дар он ҷо шатранҷи ҳиндӣ ба вуҷуд меояд, ки бо шашхол бозӣ карда мешудааст.  Абулфатҳи Сиҷзӣ  дар бораи шоҳмотбозони замони худ ва олияҳои (гроссемейстерҳои) пешин, навъҳои бозии шатранҷ, аз чумла бозӣ рафти бозӣ алоқаманданд, бозӣ бо ҳисоби математикӣ, дар хусуси қимати (қуввати нисбии) ҳар мӯҳра дар рӯи натъ (тахтаи шоҳмот) маълу­мот медиҳад. Дар асар 10 таъбия (де­бют), бештар аз 250 мансуба (этюд, масъала) ва бисёр намунаҳои наводири шатранҷ оварда шудаанд, ки онҳо дар 308 диаграмма акс ёфтаанд.

Дар мавзӯи шоҳмот 96 рубоӣ, 3 қасида ва байтҳои бисёр, аз ҷумла 179 байти Абусуҳайл Муҳаммад ибни Алии Бадоеъ гирд оварда шу­дааст. Ин асари .  Абулфатҳи Сиҷзӣ   дар Осиёи Миёна чун қомуси шоҳмот дар тӯли асрҳо хизмат кардааст. Қимати ин асар дар он аст, ки бештари маълумоташ дар маъҳазҳои қадимии арабӣ (Сулӣ, Ибни Надим) дида намешаванд ва дар асоси ахбори муаллифони Хуросон ва Мовароуннаҳр таҳрир ёфта, чигунагии бозии мардумони ин нохияро равшан мекунад. Чунончӣ, дар хусуси Абурайҳони Берунӣ, ки аз ҳамасрони ӯст, гуфтааст: «Хоҷа Ҳаким Абурайҳон, ки дар ислом Ҳакиме чун ӯ набудааст, он чӣ ӯ дар арсаи шатранҷ сохта, ба ҷумлаи мардумон овардааст, некӯтар ва аҷибтар аз он ҳама, ки пеш аз вай будаанд ва қиссаест, ки ин аз ҷумлаи тилисмот аст». .

Абулфатҳи Сиҷзӣ   аз шарҳи ҳоли худ хабар дода, мегӯяд: «Ман, ки Абулфатҳи Сиҷзиам, дар шатранҷ дасти тамом доштам ва аз он вақт, ки 15-сола будам, то кунун дар муддати 50 сол дар Хуросон, Ироқ, Ғазнин ва Ҳиндустон бигаштам ва ҳеҷ кас надидам, ки дар ин санъат беҳ аз ман донист ё бо ман баробарӣ тавонист». Маълум мегардад, ки.  Абулфатҳи Сиҷзӣ  дар шоҳмотбозӣ аз забардастони замони худ будааст. И. Раҳматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …