Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАРАҶИ СИГЗӢ

АБУЛФАРАҶИ СИГЗӢ

АБУЛФАРАҶИ СИГЗӢ маъруф ба Симҷурӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1003), шоири форс-тоҷик. Дар Систон, дар боргоҳи Симҷуриён, ки аз ҷониби Сомониён ҳукумат доштанд, зиндагӣ ва эҷод кардааст. Абулфараҷи Сигзӣ дар мадҳи ҳокими Симчуриён – Абуалии Симчур (вафот 997) қасидаҳо навишта, Султон Маҳмуди Ғазнавиро ҳаҷв кардааст.

Маҳмуди Ғазнавӣ Абулфараҷи Сигзиро ба қатл расониданӣ мешавад, вале ӯ бо мадади шоир Унсурӣ аз хашму ғазаби Маҳмуд раҳоӣ ёфт. Аз ашъо­ри шоир дар тазкираю фарҳангҳо байтҳои пароканда боқӣ мондаанд, ки асосан мазмуни мадхию ҳаҷвӣ до­ранд.       У.Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …