Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУИБРОҲИМ МУНТАСИР

АБУИБРОҲИМ МУНТАСИР

АБУИБРОҲИМ МУНТАСИР, машҳур ба Исмоили Мунтасир (соли таваллуд  но­маълум – қатл 1005, деҳаи Маймурғ ноҳияи Рӯдбори Эрон), охирин амири сомонӣ аз сулолаи Сомониён. Солҳои 1000 – 05 ҳукмронӣ кардааст. Абуиброҳим Мунтасир бародари хурдии ду амири сулолаи Сомониён – Абдулмалик ибни Нӯҳ ва Мансур ибни Нӯҳ аст.

Баъди он ки соли 1000 Эликхон амири сомонӣ Абдулмаликро аз аморати Бухоро маъзул намуд, тамоми хонаводаи ӯро асир гирифт, аммо Абуиброҳим Мунтасир  аз ҳабс фирор карда, махфиёна ба Хоразм рафт ва он чо сарварон ва сипоҳиёни парокандаи сомониро дар атрофи худ гирд овард. Минбаъд лақаби «Мунтасир» – ғалабаоварро соҳиб шуд. Сарлашкарони Абуиброҳим Мунтасир Арслони Болу ба Бу­хоро тохта, дар як шабохун тарафдорони Эликхонро аз шаҳр ронд. Абуиброҳим Мунтасир  ба Бухоро баргашт ва аз тарафи мардум хуш истиқбол гардид. Эликхон аз пирӯзии Абуиброҳим Мунтасир огоҳӣ ёфта дубора бо лашкараш озими Бухоро шуд.

Абуиброҳим Мунтасир  ва Арслон сипоҳиёни худро аз Ҷайҳун гузаронда ба тарафи Абевард ва сипас ба Нишопур ақиб нишастанд. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ сӯи Нишопур ҳаракат кард ва Абуиброҳим Мунтасир ба Гургон назди Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмгир паноҳанда шуд. Сипас Абуиброҳим Мунтасир ба Рай рафт ва аз он ҷо дигарбора бозпас Нишопурро соҳиб шуд. Ин бор Наср ибни Сабуктегин – барода­ри Маҳмуди Ғазнавӣ бо ёрии бародараш Абуиброҳим Мунтасирро шикаст дода то ҳудуди Гургон ронд.

Пас аз ҳарбҳои пайдарпай дар наздикии Чоҳи Хуммоди биёбоии Омулшатт Абуиброҳим Мунтасир ғофилгир шуд ва дар ҳалкаи мухосираи туркон афтода, бо ҳамроҳонаш асир гашт ва ба Узганд фиристода шуд, вале дар манзилгоҳи Ибни Бухайҷи араб ба биёбони Марв гурехт. Абуиброҳим Мунтасир  рабеъулаввали (январ) 1005 аз тарафи Абуабдуллоҳи Моҳрӯй, ки бундори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буд, ба қатл расид ва кӯшишу саъйи Абуиброҳим Мунтасир барои барқаpop намудани ҳокимияти сулолаи Сомониён муваффақият пайдо накард. Абуиброҳим Мунтасир ба илму адаб ҳам дилбастагии наздик дошта, шеърҳои некӯ эҷод кардааст, ки қисме то даврони мо расидаанд.

Адабиёт: Фрай Р. Н., Сомониён.// Таърихи Эрон аз зуҳури ислом то омадани давлати Салчуқиён. Аз фурӯпошши давлати Сосониён то омадани Салчукиён, мутарҷим Ҳасани Анӯша. Тошкент, 1380; Ноҷӣ Муҳаммадризо, Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён, Тошкент, 2007; Негматов Н., Государство Саманидов(Мовераннахр и Хорасан в IX – X веков), Душанбе, 1977.

Л. Бойматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …