Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУИБОДИ МУБАД

АБУИБОДИ МУБАД

АБУИБОДИ МУБАД Абуибод ибни Ваҳҳоб (688, Мозандарон – 743, Мак­ка), ҳофиз, оҳангсоз ва машшоқи фор­су тоҷик. Аслан эронӣ буда, ҳангоми истилои арабҳо ба Макка омадааст. Абуибоди Мубад санъати сарояндагиро аз падараш меомӯзад. Ӯ аввал бе ҳамовозии созҳои мусиқӣ суруд мехонд. Дертар бо санъаткорони Хуросону Мовароуннаҳр ошноӣ пайдо карда, аз онҳо пешаи ромишгариро омӯхт ва ашъо­ри арабиро бештар ба мизони оҳангу таронаҳои форсӣ мехонд.

Дар сабки иҷроӣ мӯътақид ба сабки эрониён буд ва худро ноқили сабки бостонӣ мешуморид. Дар иҷрои достонҳои ҳамосӣ низ истеъдоди баланд дошт. Ӯ ба шаҳрҳои Андалусия (Испания), Бағдод, Мадина ва Ҳиҷоз сафар карда, бо санъаткорони номии давраш Нашити Форсӣ, Ибни Ҷомеӣ вомехӯрад ва маҳорати худро такмил медиҳад. Абуибоди Мубад яке аз асосгузорони мактаби мусиқии Макка аст.

Адабиёт: Рачабов А., Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008; Донишномаи Шашмақом, 2009.     А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …