Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абубакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ

Абубакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ

АБУБАКР РАБЕЪ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ (соли таваллуд номаълум – вафот тахминан 983/984), табиб. Кунияи ӯро «Абубакр», «Абухаким» зикр кардаанд. Бо номҳои Ахавӣ, Ахавайн, Аҷавайнӣ низ шӯҳрат ёфтааст. Роҷеъ ба рӯзгори Абубакр Рабеъ ахбори саҳеҳе дар даст нест. Аз матни асараш «Ҳидоят- ул-мутааллимин фй-т-тиб» бармеояд, ки Абубакр Рабеъ аз пизишкони маъруфи асри хеш буда, тамоми умр ба табобат машғул будааст.

Абубакр Рабеъ дар муолиҷаи молихулиё дасти тамом дошта, ба унвони «пизишки девонагон» низ шинохта шудааст. Тибқи шаҳодате, ки аз асари номбурда бармеояд, маълум мегардад, ки Абубакр Рабеъ аз аҳли Бухоро будааст. Маъруфтарин асари Абубакр Рабеъ «Хидоят-ул-мутааллимин фй-т-тиб» буда, муаллиф дар он аз таҷрибаҳои беш аз 30-солаи худ ёд кардааст.

Абубакр Рабеъ дар ин китоб борҳо ба навъи беморӣ ва номи беморони тахти дармони худ ишора мекунад. Абубакр Рабеъ дар таълифи асари мазкур аз таҷрибаҳои бузургоне ба монанди Муҳаммад Закариёи Розӣ, Собит ибни Қурра, Яҳё ибни Мосуя, Ҷолинус, Буқрот ва дигар баҳра бурдааст.Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандй ва диг. уламои мӯътабар, «Ҳидоят-ул-мутааллимин фй-т-тиб», ки бо номи «Китоби хидоя» шӯхрат ёфтааст, аз ҷумлаи китобҳои дарсии мутадовил дар асрҳои миёна маҳсуб мешудааст.

Адабиёт:       Ахавайнии Бухорӣ, Рабеь. Ҳидоят-ул-мутааллимин. Ба кӯшиши Ҷалоли Матинӣ, Машҳад, 1344; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷилди 7. Тошкент, 1377; Мероси Оли Сомон, X, 200); Низомии Арӯзӣ, Чаҳор мақола. Ба кӯшиши Муҳаммад Қазвинӣ ва Муҳаммад Муин, Тошкент, 1333.          Н. Салимов,

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …