Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАБДУЛЛОҲИ НОТИЛӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ НОТИЛӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ НОТИЛӢ, риёзидон, табиатшинос, файласуфи форс- тоҷик (асрҳои 10 – 11), устоди Абуалӣ ибни Сино. Абуабдуллоҳи Нотилӣ дар Бағдод таҳсил карда, дар фалсафаю адаб машҳур мегардад, пас ба Бухоро меояд. Бо ёрии Абуабдуллоҳи Номилӣ Ибни Синои ҷавон асари Порфирий «Муқаддимаи мантиқ», «Усули»-и Уклидус, муқаддимаи аса­ри Батлимус «Алмаҷастӣ»-ро меомӯзад. Асарҳои зеринро ба Абуабдуллоҳи Нотилӣ нисбат медиҳанд: «Вуҷуд ва шарҳи исмиҳи» («Вучуд ва шарҳи номи он»), «Илми иксир» (кимиё). Ин асарҳо то замони мо боқӣ намондаанд. М. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …