Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абел Нилс Хенрик

Абел Нилс Хенрик

АБЕЛ Нилс Хенрик (5.8.1802, Финте – 6. 4. 1829. Фроланд, наздики Арендал), математики машҳури норвегиявӣ, Соли 1821 Абел ба Донишгохи Осло дохил шуда, соли 1822 дараҷаи илмии номзади фалсафаро соҳиб мегардад. Зимистони 1822 – 23 Абел ба донишгоҳ аввалин кори илмии назаррасеро пешниҳод мекунад, ки он ба интегрониданн муодилаҳои дифференсиалӣ бахшнда шуда буд.

АБЕЛ Нилс ХенрикСоли 1823 Абел яке аз масъалаҳои кадима: дар ҳолати умумӣ (дар радикалҳо) ҳал надоштани муодилаҳои дараҷаи 5-ро бомуваффакнят исбот кард. Солҳои 1825 – 26 Абел ба Берлин сафар кард ва ҳамроҳи К. Г. Якоби дар пешрафти назарияи функсияҳои эллиптикӣ корҳои назар­расеро анҷом дод. Абел исбот намуд, ки муодилаҳои дараҷаашон аз 4 боло, дар ҳолати умумӣ, дар радикалҳо ҳал надоранд.

Абел яке аз асосгузорони назарияи функсияҳои эллипсӣ мебошад. Барои тадкиқоти илмиаш дар соҳаи функсияҳои абелӣ сазовори мукофоти Академияи Париж гардидааст. Соли 1828 Абел узви ҷамъияти ил­мии шоҳии Норвегия интихоб шуда, тадқиқоташро оид ба функсияҳои эллиптикӣ вусъат медиҳад. Куллиёти асарҳояшро соли 1839 устодаш Холмбоэ чоп мекунад. Ба шарафи ӯ дар Моҳ номи танӯрае гузошта шудааст (танӯраи Абел).

Соли 2002 ҳукумати Нор­вегия ба шарафи 200-солагиаш Мукофоти ба номи Абелро дар соҳаи математика таъсис дод. Дар шаҳри Осло ҳайкалаш гузошта шудааст.

Адабиёт; Оре О,, Замечательный математик Нильс , Хенрик Абель. Москва„ 1961.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …