Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУСАМАДИ БАДАХШӢ

АБДУСАМАДИ БАДАХШӢ

АБДУСАМАДИ БАДАХШӢ (соли таваллуд номаълум – вафот тақрибан 1490, Кӯҳистон), шоири форс-точик. Дар зодгоҳаш – Бадахшони Афгонистон ва Ҳирот таҳсил кардааст. Хаттотиро низ омӯхт. Султон Абусаад солҳои 50 асри 15 Бадахшонро забт карда, Абдусамади Бадахширо ба Ҳирот овард ва супориш дод, ки таърихи салтанатро дар китобе мураттабу танзим кунад. Дар тазкираҳои «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ, «Музаккир-ул-аҳ- боб»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар хусуси ҳунару маҳорати шоирии Абдусамади Бадахшӣ сухан рафтааст. Нисорӣ ашъори ошиқонаи ӯро таърифу тавсиф карда­аст.

Намунаҳо аз нигоштаҳои Абдусамади Бадахшӣ ба воситаи тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Ин байт аз ӯст:

Бар сарири дилбарӣ маъшукро сад гуна ноз,

Ошиқи бечораро дар кӯи ғам рӯи ниёз.

Абдусамади Бадахшӣ бо Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ наздикӣ дошт.

Адабиёт., Алишери Навоӣ. Маҷолис-ун-нафоис, Тошкент, 1961.

А. Афсаҳзод.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …