Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳими Xоразмӣ

Абдурраҳими Xоразмӣ

Абдурраҳими Xоразмӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), хаттот ва шоири форс-тоҷик (асри 16). Писари Абдурраҳмони Хоразмӣ. Дар бораи зиндагии Абдурраҳими Xоразмӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Вай асосан дар Шероз ва Табрез зиндагӣ кардааст. Ҳунари хаттотиро дар овони бачагиаш аз па- дараш омӯхтааст.

Фаъолияти хушнависии Абдурраҳими Xоразмӣ асосан ба солҳои 1460 – 94 рост меояд. Дар дарбори Яъқуб ибни Ҳасан Оққуюнлу (ҳукмронии 1478 – 90) хушнавис будааст. Абдурраҳими Xоразмӣ  дево­ни Алишери Навоӣ (охири 1471), девони Анисӣ (1493 – 94) ва девонҳои шуарои дигарро бо хати зебо ва дилписанд китобат кардааст, ки ҳоло дар яке аз китобхонаҳои шаҳри Истанбули Туркия маҳфузанд. Сабк ва услуби хаттотии Абдурраҳими Xоразмӣ  дар миёни хаттотон ва хушнависон то oxири aсри 15 ба унвони хати улгӯ (намунавӣ) маҳсуб мешуд.

Муҳаккиқин ва пажӯхишгарони осо­ри Абдурраҳими Xоразмӣ  бар ин ақидаанд, ки хунари Абдурраҳими Xоразмӣ  ба мактаби хаттотии дарбори Сафавиён таъсири вижае доштааст. Ба ақидаи Қозӣ Аҳмад (дар «Гулистони ҳунар») теъдоди зиёди хаттотон ва хушнависони Шероз худро аз пай- равон ва ҳаводорони сабки Абдурраҳими Xоразмӣ медонистанд.

Абдурраҳими Xоразмӣ  табъи шоирӣ низ дошта, бо тахаллуси «Анисӣ» шеърхои хуб гуфтааст. Қозӣ Аҳмад дар китоби «Гулистони ҳунар» аз ашъори Абдурраҳими Xоразмӣ намунаҳо овардааст.

Адабиёт:Кази Ахмед.Трактат о калиграфах и художниках, Москва- Ленинград, 1947; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷилди I, Душанбе, 1988; А ш р а ф ӣ М., Миниатюра: От Бехзода до Ризайи Аббаси, Душанбе, 2011.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …