Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдумамадов Султонмаҳмуд

Абдумамадов Султонмаҳмуд

Абдумамадов Султонмаҳмуд (таваллудаш 1934, деҳаи Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа), сароянда, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1986). Солҳои 1956 – 1962 солисти Ансамбли тарона ва рақси Помир, 1962 – 1965 роҳбари бадеии хонаи маданияти ноҳияи Шуғнон, 1966 – 1994 артисти Театри мазҳакаи мусиқии вилоятии шашри Хоруғ буд.

Овози форам ва истеъдоди хуби сарояндагӣ ба Абдумамадов имкон доданд, ки ба дараҷаи санъаткори касбӣ расад. Баробари суруду таронаҳои халқӣ аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик як силсила сурудҳои марғуб сароидааст. «Дӯстон -базми висол аст», «Эй парӣ», «Соқиё бархез», «Саҳар булбул», «Таскин», «Майсавор», «Талкини ҳусн», «Гулчин аз фолклори Бадахшон», «Мафтуни чашмат» ва ғайра аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои иҷрокардаи Абдумамадов мебошанд.

Дар ҳайати Ансамбли тарона ва рақси Помир ба аксар ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафари ҳунарӣ намуда, мусиқии миллии тоҷикро муаррифӣ кар­дааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …