Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоҳи Кобулӣ

Абдуллоҳи Кобулӣ

Абдуллоҳи Кобулӣ Ибодуллоҳ, мутахаллис ба Гуноҳӣ (соли таваллудаш ва вафоташ номаълум), шоир ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон (охири асри 16 – ибтидои асри 17). Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Абдуллоҳи Кобулӣ дар Ҳиндустон гузаштааст. Бо мақсади ошноӣ бо ҳаёти мардум,  омӯзиши маданияту фарҳанги онҳо ба манотиқи гуногуни Ҳиндустон, аз ҷумла Гуҷарот, Кашмир, шаҳрҳои Лоҳур, Аҳмадобод, Деҳлӣ ва ғайра са­фар кардааст.

Абдуллоҳи Кобулӣ муаллифи асаре бо номи «Тазкират-ут-таворих» ме­бошад (таълиф солҳои 1582 – 1601). Ин асар, ки аз 6 боб иборат аст, аҳамияти таърихӣ ва адабӣ дорад. Дар боби се­юми он оид ба 195 нафар шоир маълумоти тарҷумаиҳолӣ дарҷ гардида, аз осорашон намунаҳо оварда шудааст.

Боби 6-уми «Тазкират-ут-таворих» воқеаҳои таърихию адабии замони муаллифро дар бар мегирад. Азбаски муаллиф худ шоҳиди ин воқеаҳову ҳодисаҳо буд, нигоштаҳояш аҳамияти калони таърихӣ доранд. Ашъори Абдуллоҳи Кобулӣ дар «Тазкират-ут-таворих» омадаанд, ки аксарашон хусусияти бадеӣ ва таърихӣ доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …