Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абдуллоев Зафар

Абдуллоев Зафар

Абдуллоев Зафар (18. 5. 1925, Ёва, уезди Хуҷанд – 1998, Хуҷанд), яке аз барқароркунандагони сохти советӣ дар Тоҷикистон. Агрономи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Мактаби ҳизбии назди КМ ПК Тоҷикистонро (1960) хатм кардааст. Соли 1938 ҳамроҳи падараш ба водии Вахш кӯчид. Соли 1943 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, ҳамчун аскари қаторӣ дар ҳайати Фронти 1-и Назди Балтика зидди фашистон ҷангидааст.

Дар яке аз муҳорибаҳо маҷрӯҳ шуда ба зодгоҳаш баргаштааст. Солҳои 1945 – 1951 табелчӣ, сипас муҳосиб дар колхозҳои ба номи Сталин ва «Кизил Аскар» ноҳияи Ворошиловобод, 1951 -1957 котиби ҳизбии колхозҳои ба номи Ста­лин ва Хрушеви ҳамин ноҳия, 1960 – 1976 раиси колхози «40-солагии Октябр», 1974 -1976 директори заводи пиллахушккунӣ, 1979 — 1987 раиси колхози ба номи М. Горкийи ноҳяи Колхозобод. Аз соли 1987 нафақагир буд. Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …