Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Ҳабибулло

Абдуллоев Ҳабибулло

Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич (таваллуд 19. 8. 1946, деҳаи Бустонаки тобеи шаҳри Ваҳдат), физики тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (1992), профессор (1996), Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009). Соли 1968 УДТ- ро хатм карда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи физикаи назариявӣ кор кардааст.

Аз соли 1996 мудири кафедраи номбурда. Оид ба назарияи сохторҳои ғайрихаттии системаҳои магнитӣ тадқиқот бур­да, тасвири назариявии бархурди ғайричандирии солитонҳо, сохтори ҳолатхои умумикардашудаи когерентиро нисбат ба гурӯҳҳои 811 (28+1) пешниҳод намудааст. Муаллифи якчанд рисола, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмию методӣ.

Ос.: Классические нелинейные модели в тео­рии конденсированных сред, Д., 1989.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …