Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулқодири Муҳандиси Самарқандӣ

Абдулқодири Муҳандиси Самарқандӣ

Абдулқодири Муҳандиси Самарқандӣ (1888 – 1934, Самар­қанд), меъмор ва кошикори тоҷик. Дар тармими мадрасаи Улуғбек чун меъмор ва кошикор ҳиссаи арзанда гузоштааст. Абдулқодир ёдгориҳои меъмории Масҷиди Хизр, Мадрасаи нав, муаззинхонаи Кӯшҳавз (Самарқанд) ва ғайраро қошикорӣ кардааст.

Дар аввали солҳои 30 асри 20 бо роҳбарии профессор В. Л. Вяткин харобаҳои кошикории мадрасаи Тиллокориро тармим намудааст. Манораи калони Бухороро низ Абдулқодир тар­мим кардааст. Ӯ дар тармим ва ороиши бинои Думай шаҳри Санкт-Петербург ва ёдгориҳои меъмории Осиёи Ми­ёна ширкат варзидааст. Дар Регистони Самарқанд аз санг «Соати офтобӣ» сохтааст, ки аз истеъдоди ин ҳунарманд гувоҳӣ медиҳад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …