Абдулҳай (1360, Бағдод – 1420, Самарқанд), мусаввир ва хаттоти форс-тоҷик. Устод Шамсуддини Самарқандӣ ӯро ба тарбият гирифта, тамоми нозукиҳои ин ҳунарро ёд додааст. Дере нагузашта Абдулҳай чун мусаввири дарбори Султон Увайси Ҷалоирӣ ном мебарорад ва шӯҳраташ аз ҳудуди давлати Ҷилоирия, ки пойтахти он Бағдод буд, берун мебарояд.
Соли 1393 Темур Ироқро истило мекунад ва Абдулҳайро дар қатори ғаниматҳо аз Бағдод ба Самарқанд оварда, сардори устохонаи сураткашии худ таъйин мекунад. Абдулҳай дар тасвири манзараҳо, қиёфаи одамон, сурати ҳайвонот, додани обуранг, истифодаи тазодҳо ва таносуби унсурҳои тасвир моҳир будааст. Аз осори ӯ «Бат» («Мурғобӣ»), «Манзараи ҷанг», тасвири чанд манзараи ҳикоятҳои «Гулистон» то замони мо омада расидаанд. Дар асарҳои Абдулҳай тасвири ҳаракат ба мушоҳида мерасад.
Таъсир и эҷодиёти Абдулҳай дар инкишофи минбаъдаи санъати рассомии Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эрон калон аст. Дар охири умр Абдулҳай бо таъсири доираҳои иртиҷоӣ аз рассомӣ даст кашида, аксари осори рассомии худро оташ зад. Абдулҳай хаттоти моҳир низ буда, хати насхро дар китобат ва сулсу риқоъро дар ороиш бештар ба кор мебурдааст.