Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулхай

Абдулхай

Абдулхай (1360, Багдод – 1420, Самарканд), мусаввир ва хаттоти форс-точик. Устод Шамсуддини Самарканди уро ба тарбият гириф­та, тамоми нозукихои ин хунарро ёд додааст. Дере нагузашта Абдулхай чун мусаввири дарбори Султон Увайси Чалоири ном мебарорад ва шухраташ аз худуди давлати Чилоирия, ки пойтахти он Багдод буд, берун мебарояд.

Соли 1393 Темур Ирокро истило меку­над ва Абдулхайро дар катори ганиматхо аз Багдод ба Самарканд оварда, сардори устохонаи сураткашии худ таъйин мекунад. Абдулхай дар тасвири манзарахо, киёфаи одамон, сурати хайвонот, додани обуранг, истифодаи тазодхо ва таносуби унсурхои тасвир мохир будааст. Аз осори у «Бат» («Мургоби»), «Манзараи чанг», тасвири чанд манзараи хикоятхои «Гулистон» то замони мо омада расидаанд. Дар асархои Абдулхай тасвири харакат ба мушохида мерасад.

Таъсир и эчодиёти Абдулхай дар инкишофи минбаъдаи санъати рассомии Хуросон, Мовароуннахр ва Эрон калон аст. Дар охири умр Абдулхай бо таъсири доирахои иртичои аз рассоми даст кашида, аксари осори рассомии худ­ро оташ зад. Абдулхай хаттоти мохир низ буда, хати насхро дар китобат ва сулсу рикоъро дар ороиш бештар ба кор мебурдааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …