Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулазизхон

Абдулазизхон

Абдулазизхон (таваллуд ва вафоташ номаълум), хони Бухоро аз сулолаи Шайбониён(1540 – 1549). Баъди вафоти Абдуллоҳхони I худро хони Бухоро эълон карда, аз итоат ба ҳокимияти марказии Мовароуннаҳр сар пе­ҷид ва боиси дар Мовароуннаҳр ба вуҷуд омадани дуҳокимиятӣ гардид (ниг. Абдуллатифхон).

Бо мақсади ба худ ҷалб кардани таваҷҷӯҳи Омма ва мустаҳкам намудани ҳокимият соли 1541 баъзе андозҳоро бекор кард. Дар аҳди Абдулазизхон  сохтмони қалъаи нави Бухоро сар шуда, дар замони Абдуллоҳхони II анҷом ёфт. Дар асри 16 Бухоро ба яке аз марказҳои санъати меъморӣ ва илму маърифат табдил ёфт.

Абдулазизхон дар ин ҷо китобхонае таъсис кард, ки ба он рассом ва хаттоти номӣ Султон Мирак сардорӣ мекард. Дар он на танҳо китобҳои нодирро ҷамъ мекарданд, балки хаттотони беҳтарин, ба монанди Миралӣ, шогирдони вай Хона Маҳмуд ва Саид Аҳмади Машҳадӣ асарҳои бисёрро китобат намуда, бо минётураҳо ороиш медоданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …