Маълумоти охирин
Главная / Илм / Аббосиён

Аббосиён

Аббосиён, банӣ Аббос, дуюмин силсилаи хилофати араб (749 – 1258). Аббосиён. аз авлоди амаки Муҳаммад пайғамбар (с) – Аббос ибни Абдулмутталиб (вафоташ 653) буданд. Аббосиён дар натиҷаи низои байни аҳди ташайуъ Умавиён ва муваффақиятҳои дар ин раванд ба дастовардаи шиъаён Умавиёнро сарнагун карда, соҳиби маснади хилофат шуданд. Аббосиён бо паёмбар робитаи хешу таборӣ доштанд ва барои соҳиб шудан ба қудрат аҳли суннат ва ҷамоат ононро ҷонибдорӣ карданд. Созмони зиддиумавии Аббосиён махфӣ амал мекард ва марказаш дар Куфа қарор дошт. То соли 747 онро нафаре ба номи Букайр ибни Моҳон ва баъдҳо Абдусалом сарварӣ менамуданд. Азбаски аксари қувваҳои зиддиумавӣ дар Хуросон мутамарказ гардида буданд, он ба маркази асливу асосии наҳзати зиддиумавӣ табдил ёфта буд. Абумуслими Хуросонӣ (аз соли 743) роҳбари асосии наҳзат дар Хуро­сон шуд ва мардумро ба тарафдории Аббосиён таблиғ карда. Оқибат соли 749 Аббосиён ба қудрат расиданд.

Аввалин халифаи Аююосиён Абулаббоси Саффоҳ буд. Дар ибтидои фаъолият андешаву афкори сиёсии Аббосиён  чандон маълум набуданд, вале ба таври возеҳ ба муқобили тугёнҳои пайиҳами Алавиён муборизаи шадид мебурданд. Минбаъд ашрофи Эрон ва Осиёи Миёна пуштибони асосии Аббосиён гардиданд ва маркази хилофат аз Сурия ба Ироқ кӯчид. Шаҳри Бағдод, ки ба он халифа Аббосиён Мансур асос гузошта буд, пойтахти хилофати Аббосиён гардид. Хилофати Аббосиён дар даврони Мансур, Маҳдӣ, Ҳорунаррашид ва Маъмун ба авҷи камол расид.

Хулафои аббосӣ аз замони хилофати Маъмун сар карда як силсила чорабиниҳои фарҳангиро ба амал бароварданд ва маркази илмию фарҳангии «Байт-ул-ҳикма» бо ташаббуси ӯ таъсис дода шуд. Дар он бештар олимони Эронӣ фаъолият доштанд ва тадқиқу таҳкики улуми замона ва тарҷумаи осори аҳди қадим ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин барои таҳкими хилофати худ Аббосиён тавонистанд аз эътиқоқот ва назароти гурӯҳҳои гуногуни аҳли ташайуъ, чун ровандия, мӯътазила ва амсоли инҳо ба фоидаи худ истифода намоянд. Чунончи соли 817 халифа Маъмун домоди худ имом Алӣ ибни Мусо – Ризо (ҳаштумин имоми исноашъариён)-ро валиаҳди хилофат таъйин кард ва ҳатто аз номи ӯ сикка зарб зад, ки ин иқдом боиси норозигии шадиди аҳли сун­нат дар Бағдод ва дигар шаҳрҳо гар­дида буд.

Наҳзати Аббосӣ моҳиятан чунбиши иҷтимоию сиёсие ба муқо­били Умавиён буд, ки он инкишофи фарҳангиро низ ба дунбол дошт. Он амалан дар Хуросон оғоз шуд ва Аббосиён аз норозиёни хуросонӣ барои пирузии худ ва устувории ҳукуматашон исти­фода менамуданд. Дар аҳди Аббосиён зулми табақаи ашроф боз ҳам афзуд, ки бо­иси сар задани шӯришҳои халқӣ, аз қабати Исёни Муқаннаъ, Исёни Бобак ва амсоли инҳо гардид. Тадриҷан аз ибтидои асри 9 хилофати Аббосиён рӯ ба таназзул ниҳода, раванди парокандашавӣ дар он оғоз ёфт; дар Эрон, Осиёи Миё­на, Закавказия, Миср давлатдориҳои мустақил таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо сулолаҳои маҳаллӣ (Тоҳириён, Саффориён, Тулуниён, Багратиён, Фотимиён ва дигарон) ҳукмронӣ мекарданд.

Силсилаи хулафои Аббосиён чунин аст: Абул­аббоси Саффоҳ (750 – 754), Мансур (754 – 775), Маҳдӣ (775 – 785), Ҳодӣ (785 – 786), Ҳорунаррашид (786 – 809), Амин (809 – 813), Маъмун (813 – 833), Мӯътасим (833 – 842), Восик (842 – 847), Мутаваккил (847-861), Мунтансир (861 – 862), Мустаин (862 – 866), Муътаз (866 – 869), Муҳтадӣ (869 – 870), Муътамид (870 – 982), Муътадид (892 – 902), Муқтафӣ (902 – 908), Муқтадир (908 – 932), Коҳир (932 – 934), Розӣ (934 – 940), Муттақӣ (940 – 944), Мустақфӣ (944 – 946), Мутеъ (946-974), Тойеъ (974 – 991), Қодир (991  – 1031), Қоим (1031 – 1075), Муқтадӣ (1075 -1094), Мустазҳир (1094-1118), Мустаршид (1118 – 1135), Рашид (1135 – 1136), Муктафеъ (1136 – 1160), Мустанҷид (1160 – 1170), Мустадеъ (1170 – 1180), Носир (1180 – 1225), Зоҳир (1225 – 1126), Мустансир (1226-1242), Мустаъсим (1242 – 1258).

Ад.: Большаков О. Г., Ал-Аббасийун. Ислам. Энциклопедический словарь, М., 1991; Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский ха­лифат, М., 1965 Shaban М. А., Тhe Аbbasid геvolution, Охford, 1970; Lewis В., Аbbasidsll El (2 publ).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …