Маълумоти охирин

Аббоси I

Аббоси I (27. 1. 1571, Ҳирот – 19. 1. 1629, Мозандарон), шоҳи Эрон, аз сулолаи Сафавиён. Солҳои ҳукмрониаш – 1588 – 1629. Аббоси I писа­ри волии Хуросон Муҳаммад Мирзо буда, бо номи Шоҳ Аббоси Кабир низ машҳур буд. Аббос I аввал бо мадади қабоили устоҷлу ва шомилу соли 1581 дар Нишопур ҳокимиятро , соҳиб шуда, худро шоҳи Хуросон эълон кард. Соли 1588 бо ёрии тоифаи қизилбошон вориди пойтахти давлати Сафавиҳо – Қазвин гардид ва падараш Муҳаммад Мирзоро сабукдуш карда, худро шоҳи Эрон эълон кард.

Дар ин муддат Аббос I се мушкили умдаи давлати Сафавиёнро ҳал намуд: ав­вал таҳдиди туркҳои Усмонӣ, дуюм хатари узбекони шайбониро бартараф намуда, сеюм қудрати қизил бошонро тавсеа дод. Ибтидо бо Туркия ба муддате паймони дустӣ баст; сипас вилолтҳои Шероз, Кирмон, Гелон ва Хуррамободи Луристонро тасарруф намуд; соли 1598 ӯзбекони Хуросонро шикаст дода, Ҳиротро тобеи худ кард ва худи ҳамон сол пойтах­ти давлати Сафавиёнро аз Қаазвин ба Исфаҳон кучонда, Бухоро, Хуросон ва Моварои Қафқозро ба итоати худ даровард. Дар андак муддат симои шаҳри Исфаҳон тағйир ёфт ва биноҳои таърихии асри сафавӣ – Майдони Шоҳ, масҷиди шайх Лутфуллоҳ,  Масҷиди Шоҳ, Пули Оллоҳбердихон, Хиёбони Чаҳорбоғ, Кохи Оли Қому бунёд гардиданд. Минбаъд Аббоси I барои ислоҳоти девонӣ, маъмурӣ ва низомӣ низ иқдом кард.

Пас аз анҷоми ислоҳоти низомӣ Аббос 1 соли 1601 Табрез ва Шервонро аз туркҳои Усмонӣ озод намуд ва бо ма­дади флоти англис заминҳои ҷануби Эрон ва Баҳрайн (1601 -1602), Қандаҳор (1621) ва Ҳурмузгонро (1622) аз португалиҳо бозпас гирифт. Соли 1623 Ироқро тасарруф намуд. Дар сиёсати худ Аббоси I такя ба сарватмандон ва ашрофи турк мекард; тамоми умр муқобили феодалони саҳронишин ва саркаш мубориза бурд. Ислоҳоти молиётӣ ва пулии Аббоси I низ натиҷаи хуб доданд. Ӯ барои ободонии кишвар аз асирони ҳарбии гурҷиҳо, арманиҳо, озариҳо, черкасиҳо, туркманҳо истифода бурд. Дар аҳди Аббоси I роҳҳо, пулҳо, корвонсаройҳо, ҳаммомҳо ва бозорҳои сершуморе бунёд гардиданд, ки ба вазъи иқтисодӣ, тиҷорати дохиливу хориҷӣ ва муносиботи пулӣ таъсири мусбат расонданд.

Ҳамчунин санъатҳои тасвирӣ, ороиши амалӣ, хаттотӣ, наққошӣ ва ҳунарҳои кошикорӣ, қолинбофӣ, нассоҷӣ, кулолӣ, шишагарию чинисозӣ низ хеле равнақ ёфтанд. Аббоси I бо Англия, Португалия, Испания, Австрия, Голландия, Рос­сия муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор кард. Вале бо вуҷуди ин дар даврони салтанати Аббоси I дар саросари қаламраваш шӯришҳои халқӣ (Гелон, 1592, Ғарҷистон, 1624 ва ғайра) сар заданд, ки бераҳмона саркӯб шуданд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …