ФАХРӢ, пешпазак, шакармавизӣ, фахрии хуфакӣ, навъи ангури миёнсолӣ. Селексияи халқӣ. Асосан дар раёнҳои токдории вилояти Ленинобод (Конибодом, Хуҷанд, Уротеппа, Пролетар, Нов), раёнҳои гурӯҳи Ғарм ва водии Ҳисори РСС Тоҷикистон, вилоятҳои Тошкент, Фарғонаи РСС Узбакистон, инчунин Эрон паҳн шудааст. Токаш тезсабз, 25—29%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ.
Баргаш мудаввар, 5—7 парра, хӯшааш 280—300 г (баъзан 500—600 г). Донааш калон, тухмшакли дароз, руя, баъди пухтан зардтоб, сершираи ширин, хуштаъму хушбӯй; 20—23% қанд ва 2,5—5,6 г/л туршӣ дорад. Фахрӣ сармобардор ва серҳосил, дар заминҳои серхоку санглох, нишебиҳо ва заминҳои лалмӣ нағз месабзад. Даври нашваш 130—135 руз, май гул карда, август мепазад. Ба ҳисоби миёна 110 с/га ҳосил медиҳад. Фахриро асосан барои тархӯрӣ, мавиз, майкаши инчунин дар корҳои селексионӣ истифода мобаранд. Фахрӣ аз касалиҳои занбӯруғӣ кам зарар мебинад.
Адабиёт: Ампелография СССР. Малораспространёные сорта винограда, том 3, Москва. 1966.