Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 6-УМИ РСДРП(б)

СЪЕЗДИ 6-УМИ РСДРП(б)

СЪЕЗДИ 6-УМИ РСДРП(б), 3—16 августи 1917 дар Петроград барпо гардид. Дар он 157 вакил бо овози ҳалкушанда ва 110 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд.

6-sezd-rsdrp

Рӯзномаи съезд: Маърӯзаи Бюрои ташкилӣ; Маърӯзаи Комитети Марказии РСДРП(б); Ҳисобот аз маҳалҳо; Моменти ҷорӣ; Аз нав дида баромадани Программа; Масъалаи ташкилӣ; Инпихоби Маҷлиси муассисон; Интернационал; Муттаҳид кардани партия; Ҳаракати иттифоқҳои касаба; Интихобот; Масъалаҳои гуногун. Съезд маҷлисҳои худро ба таври нимлегалӣ сар кард. В. И. Ленин дар съезд иштирок карда натавониста бошад ҳам, вале ба кори вай роҳбарӣ менамуд. Вакилон пеш аз ҳама масъалаи ба суд ҳозир шудани В. И. Ленинро муҳакима карданд. Съезд ба суд ҳозир нашудани В. И. Ленинро якдилона маъқул донист. Дар ҳисоботи сиёсӣ қайд карда мешуд, ки Комитети Марказии роҳиреволютсияи социалистиро пеш гирифт. Тактикаи партия дар давраи кризиси июнӣ ва июлӣ ифода ёфта, роли роҳбарикунандаи болшевикон дар муборизаи зидди контрреволютсия нишон дода шуда буд. Дар ҳисоботи ташкилии Комитети Марказии шаклу усулҳои асосии роҳбарӣ ба ташкилотҳои маҳаллии партия, ҷобаҷогузории қувваҳол партияви дар мамлакат, роли Органи Марказӣ — газетаи «Правда» муҳокиша карда шуданд. Съезд нишон дод, ки ҳокимият танҳо бо роҳи шӯриши мусаллаҳ, бо роҳи сарнагун кардани диктатураи буржуазия ба дасти пролетариат ва деҳқонони камбағал гузашта метавонад. Сьезд «дар бараи муттаҳид кардани партия» масъала муҳокима карда, сиёсати хоинонаи меншевиконро фош намуд ва кӯшишҳои мутаҳидшавии онҳоро маҳкум кард. Устави нави партияро қабул кард. Съезд Комитети Марказииро иборат аз 21 аъзо ва 10 номзад ба аъзоӣ интихоб вамуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …