Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЁЗДИ 5-УМИ (ЛОНДОНИИ) РСДРП

СЪЁЗДИ 5-УМИ (ЛОНДОНИИ) РСДРП

СЪЁЗДИ 5-УМИ (ЛОНДОНИИ) РСДРП, 1 апрел—1 июни 1907 дар Лондон барпо гардид. Дар съезд 303 вакил бо овози ҳалкунанда ва 39вакил бо овози машварати иштирок доштанд.

5-sezd-rsdrp

Рӯзноман съезд: Ҳисоботи Комитети Марказӣ; Ҳисоботи фраксияи Дума ва ташкили он; Муносибат ба партияҳои буржуазӣ; Думаи давлатӣ; Сьезди коргарӣ ва ташкилотҳои бепартия ва  коргарӣ; Иттифоқҳои касаба ва партия; Ҳаракати партизанӣ; Бекорӣ, кризиси иқтисодӣ, локаутҳо; Масъалаҳои ташкилӣ; Конгресси байлалхалқӣ дар Штутгарт (1 май, милитаризм); Кори байни армия; Масъалаҳои гуногун.

Масъалаи асосии съезд муносибат ба партияҳон буржуазӣ буд. Дар резолюцияи болшевикӣ дар бораи муносибат ба партияҳои буржуазӣ таҷрибаи бузурги революция ҷамъбаст карда шуд.

Болшевикон дар масъалаи тактика дар Думаи давлатӣ бар оппортунистҳо ғалаба ба даст оварданд. Съезд қарор кард, ки фаъолияти думагии социал-демократҳо бояд ба муборизаи берун аз Дума тобеъ карда шавад, Думаро пеш аз ҳама чун минбар барои фош кардаии мутлақияти подшоҳӣ ва барои фош кардани сиёсати хиёнаткоронаи буржуазия, барои пропаганда намудани программаи революционии партия истифода кардан лозим аст. Сьезд дар хусуси муносибати партия ба иттифоқҳои касаба резолюсияи болшевикиро қабул кард. Съезд Устави нави партияро кабул кард, ки мувофиқи он дар съезд танҳо Комитети Марказӣ интихоб карда мешуд ва он ҳайати редаксияи Органи Марказиро таъин менамуд. Съевд Комитети Марказиро иборат аз 12 аъзо интихоб намуд, ки дар он тарафдорони роҳи ленини аксариятро ташкил мекарданд. Барои гузаронидани роҳи собитқадамонаи революционӣ дар руҳи қарорҳои съезд болшевикон бо сардории В. И. Ленин Маркази болшевикиро ташкил намуданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …