Маълумоти охирин
Главная / 2019 / May (страница 33)

Архив Месяца: May 2019

САПЕДАШАБ

sab

САПЕДАШАБ, шабҳои равшанеро гӯянд, ки аввали тобистон, вақте ки давомати сапедаи шомӣ то ба лаҳзаи вуқӯи сапедаи саҳарӣ мерасад, рӯй медиҳанд. Дар ҳарду нимкураи Замин, дар арзҳои аз 603 баландтар, дар сурате ки нисфи шаб маркази Офтоб зери уфуқ аз 7° пасттар намефурояд, мушоҳида мешавад. Сапедашаб дар Ленинград (тақрибан 60’ …

Муфассал »

САОЛИБӢ Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоили Нишопурӣ

САОЛИБӢ Абӯмансур Абдулмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоили Нишопурӣ (961, Нишопур —1038, ҳамон ҷо), олим ва адиби эронинажоди араб. Дар Нишопур таҳсил кардааст. Азбаски ба савдои пӯсти рӯбоҳ машғул шуда буд, ӯро Саолибӣ (саолиб ҷазираи саълаб, ки ба арабӣ рӯбоҳ аст) гуфтаанд. Саолибӣ бо роҳи тиҷорат ба нимҷазираи Арабистон, Испания, Ироқ, …

Муфассал »

САНҶОБҲО

sanjob

САНҶОБҲО, с и н ҷ о б, як ҷинси ширхӯрҳоро гӯянд, ки ба қатори хояндаҳо мансубанд. Қариб 50 намудашон дар ковокии дарахтони бешазорҳои Европа, Осиё, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Дарозии тапашон то 28 сантиметр. Мӯинаашон одатан зич аст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР …

Муфассал »

САОДАТ

САОДАТ (— хушбахтӣ, некбахтӣ, бахтиёрӣ), мафҳуми ахло- қиест, ки вазъу рӯҳия ва қаноатмандии ботинии инсонро нисбат ба натиҷаҳои фаъолияту амалаш дар ҳаёт ифода мекунад. Саодат яке аз шаклҳои ҳиссию эҳсосии идеал буда, мафҳуми он на фақат ҳолати конкретии объективӣ ё субъективии шахс, балки тасаввури ҳаёти хушбахтонаро низ инъикос мекунад. Аз …

Муфассал »

маданияти САО

САО,маданияти археологиеро гӯянд, ки асрҳои 10—19 дар поёноби дарёҳои Шари ва Логоне (территоорияи ҳозираи Республикаи Чад) мавҷуд буд. Мувофиқи ривоятҳо САО-ро халқи сао, ки ба соҳилҳои кӯли Чад аз Билми Саҳрои Кабир омада буд, ба вуҷуд овардааст. Аҳолӣ асосан бо шикор, моҳигирӣ, деҳқонӣ, косибӣ, оҳангарӣ машғул буд. Дар натиҷаи ҳафриёти …

Муфассал »

САНҶИШ

sanjish-test

САНҶИШ, дар т а ъ л и м, як шакли тафтиши иҷрои корҳои лабораторӣ, ҳисобию графикӣ, лоиҳаҳои (корҳои) курсӣ, инчунин дониш ва малакаҳои дар машғулиятҳои таҷрибавӣ ва семинарӣ ҳангоми таҷрибаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ҳосилкардаи студентони мактабҳои олӣ ва хонандагони мактабҳои миёнаи махсус. Супоридани ҳамаи Санҷишҳои плани таълимӣ (одатан набояд аз …

Муфассал »

САНҶИҲО

САНҶИҲО, сели метеориест, ки радианташ дар бурҷи Санҷ воқеъ аст. 20 ё 21 апрел мушоҳида мешавад. Бори аввал соли 687 то милод дар Хитой мушоҳида шудааст. 20 апрели 1803, 21 апрели 1922 ва 21 апрели 1958 афзоиши кӯтоҳмуддати миқдори Санҷиҳо мушоҳида шуд.

Муфассал »

Деҳаи САНҶИТАК

САНҶИТАК, деҳаест дар Совети қишлоқи Обимуккии райони Ёвон, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхози «Ёвон-2. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 14 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 510 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибти- доӣ, магазин ва устохона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. За- минҳо аз канали Евону Обикиик …

Муфассал »

САНҶИДИҲО

sanjid

САНҶИДИҲО, ҷ и г д а г и ҳ о як оилаи буттву дарахгони ҳазонрез ё ҳамешасабз. Шоху барги Санҷидиҳоро пулакчаҳо ё мӯякҳои ситорашакли нуқрагун пушидаанд. Барги онҳо дар 1 охчаву навда паи ҳам ё рӯ ба рӯи якдигар ҷой гирифтааст. Гули Санҷидиҳо асосан дуҷинса, бе гулбарг, косабарги гулҳои дуҷинсаву …

Муфассал »