Маълумоти охирин
Главная / 2019 / May (страница 31)

Архив Месяца: May 2019

Шаҳри САРАПУЛ

sarapul

САРАПУЛ, шаҳрест дар Республикаи Автономиии Советии Сотсиалистии Удмуртия. Бандар дар соҳили дарёи Кама. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 109 ҳазор нафар. (1984). Баъд аз Устинов дуюмин шаҳри иқтисодии республика. Маркази қадимаи саноати чарму пойафзол. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Сарапул махсусан саноати мошинсозӣ ва коркарди металл ривоҷ ёфт. Таҷҳизоти гуногун барои …

Муфассал »

Шаҳри САРАНСК

saransk_3

САРАНСК, шаҳр, пойтахти Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Мордова. Дар соҳили чапи дарёи Инсар (ҳавзаи Волга) воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан дар хатти Рузаевка — Қазон; узели роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 301 ҳазор нафар (1984). Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Саранск ба маркази калони саноати электротехникӣ (Иттиҳодияи истеҳсодии «Светотехника», заводҳои кабел, «Электровыпрямитель») табдил …

Муфассал »

«САРАНДОЗ»

nota-2

«САРАНДОЗ» 1) суруди маросимии қадимӣ, аз таснифоти Накисои Чангӣ. «Сарандоз» дар асрҳои 9—10 маъмул буда, мардуми Бухоро онро дар ҷашни Сада месароидаанд. 2) Шӯъбае дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар дохили шӯъбаҳои «Сабо» ва «Нав- рӯзи хоро».

Муфассал »

САРАНГИ

sarangi

САРАНГИ, як яавъ асбоби мусиқии тордори ҳиндист, ки бо камонча менавозанд. Дастааш кӯтоҳ буда, онро аз чӯб месозанд. Ба рӯи косаи дарозрӯяаш пӯст мекашанд. Саранги 3—4 тори асосӣ (яктоаш филизӣ, дутоаш зеҳ; дар квинта ва кварта ҷӯр мешавад) ва 14— 15 тори иловагии мансуб ба қаторовози диатоникӣ (барои акси садо) …

Муфассал »

САРАНДЕБ

САРАНДЕБ 1) дар истилоҳоти асримиёнагии ҷуғрофӣ ҷазираи С е й л о н (ҳозира Ш р и-Л а н к а)-ро гӯянд. 2) Дар ривоятҳои динӣ номи кӯҳи афсонавиест, ки ба он ҷо Одаму Ҳавво аз олами улвӣ фуруд омадаанд. Гӯё онҳо аввал дар биҳишт буданд, вале ба васвасаи Шайтон …

Муфассал »

САРАНАНКАРА УДАКЕНДАВАЛА ТХЕРО

САРАНАНКАРА УДАКЕНДАВАЛА ТХЕРО (1897, маҳалли Удакендавала —13. 11. 1966, Коломбо), ходими ҷамъиятии Шри-Ланка. Маълумоти динӣ гирифтааст. Фаъолияти сиёсии худро ҳамчун шогирди ислоҳотчӣ Анагирика Дҳармапала сар кардааст. Ибтидои асри 20 ҳамроҳи Анагирика Дҳармапала ба Ҳиндустон рафта, дар ҳа- ракати зиддиимпериалистӣ иштирок кард. Ба таъқиби мустамликадорони англис гирифтор шуд, дар маҳбас нишаст. …

Муфассал »

САРАКОТ ИСЛОМ

САРАКОТ ИСЛОМ, шарикоти исломӣ, яке аз аввалин ташкилотҳои оммавии сиёсии Индонезия. Соли 1912 баъди пароканда шудани Иттифоқи тоҷирони мусулмон (таъсисаш 1911) ба вуҷуд омада, дар муборизаи зидди капитали хориҷӣ (асосан голландӣ) манфиати буржуазияи ташаккулёфтаистодаи тиҷоратӣ ва молиявии Индонезияро ифода мекард. Дар шароити Индонезиди мустамликавӣ оммаи халқ шиори Саракот ислом— муттаҳид …

Муфассал »

САРАЗМ

sarazm-6

САРАЗМ, димнаи шаҳри асри биринҷӣ (ҳазоран 4—2 то милод), ки 15 километр ғарбтар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Ленинобод воқеъ аст. Масоҳаташ 90 гектар. Соли 1976 бостоншиноси тоҷик А. Исҳоқов кашф намуд ва аз 1978 таҳти роҳ-барии ӯ отряди археологии Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон тадқиқ мекунад. То …

Муфассал »

Шаҳри САРАЕВО

29565314084_d3db63e0f2_o

САРАЕВО, шаҳрест дар Югославия, пойтахти Республикаи Сотсиалистии Босния ва Герсеговина. Дар ҳар ду соҳили дарёи Миляска воқеъ аст. Аҳолиаш 350 ҳазор нафар (1978). Узели мӯҳими нақлиёт, маркази тиҷорат ва саноати мамлакат. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (истеҳсоли мотору дастгоҳҳо, асбобҳои оптикӣ, велосипед, таҷҳизоти электротехникӣ), металлургияи сиёҳ, электроника, хӯрокворӣ (консерви мева ва ғайра), …

Муфассал »

Шаҳри САРАГОСА

saragosa

САРАГОСА, шаҳрест дар шимоли шарқи Испания, маркази вилояти Арагон ва музофоти Сарагоса. Дар соҳили дарёи Эбро воқеъ аст. Аҳолиаш 590 ҳазор нафар (1976). Узели калони нақлиёт. Дар шаҳр соҳаҳои саяноати мошинсозӣ (мошинҳои хоҷагии қишлоқ, авто- мобил, самолёт), хӯрокворӣ (қанд, орд, консерви мева, вино, равған, шир), . химия, бофандагӣ, семент, чӯбгарӣ, …

Муфассал »