САРХУШ Муҳаммадафзал ибни Муҳаммадзоҳид (1640, Кашмир 1714, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аҷдоди Сархуш аз Бадахшон буда, ӯ дар хурдсолӣ ҳамроҳи падараш ба Сарҳинд рафтааст. Таҳсили шоир он ҷо гузаштааст ва ӯ бо Носиралии Сарҳиндӣ дӯсту ҳамсабақ будааст. Сархуш аз 8-солагӣ ба шеъргӯӣ сар кардааст. Чанде дар хидмати дарбор буда, вале …
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
САРХОНА
САРХОНА, қисми аввали суруд, ки ба андозаи як байти матни суруд иҷро мешавад. Баъзан сархат низ мегӯянд. Сархона дар «Шашмақом» мавқеъ дорад. Пас аз Сархона дар сурудҳои ҳар як мақом миёнхона (миёнхат) меояд, ки онро даромади авҷ низ мегӯянд. Байтҳои дигарро хат меноманд. Нигаред, Хат. И. Раҳимов.
Муфассал »САРХАСШАКЛҲО
САРХАСШАКЛҲО, сарахсшаклҳо (Р1епйорЬу1п), як гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олист, ки гайр аз ушнаҳо тамоми растаниҳои дараҷаи олии ботухм (сархасҳо, чилбандҳо, плаунҳо, селагинеллаҳо, псилотиҳо ва бисёр гурӯҳҳои растании мурдарафта)-ро дар бар мегиранд. Дар Тоҷикистон аз гурӯҳҳои номбурдаи Сархасшаклҳо фақат баъзе намудҳои сархас ва чилбанд (чилбугум) месабзанд. Одатан дар сояи буттаву дарахтон, зери …
Муфассал »САРХАС
САРХАС, сарахс (ГШс1пае), як гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олист, ки қадимтарии ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар дунё 300 ҷинсу 10 ҳазор намуди Сархас боқӣ мондааст. Онҳо дар шароити хеле гуногун (биёбон, кӯлу ботлоқзор, кӯҳсор ва дигар) мерӯянд. Дар Тоҷикистон 21 намуди Сархас маълум буда, ба 4 оила тааллуқ дорад: моракиҳо,сарахсҳои ҳақиқӣ, …
Муфассал »«САРФУ НАҲВИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» – асари Саидризо Ализодаи Самарқандӣ
«САРФУ НАҲВИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» асари Саидризо Ализодаи Самарқандӣ, қи соли 1926 аз тарафи Нашриёти Давлатии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 2000 нусха дар шаҳри Самарқанд бо хати настаъли-қи ҷалӣ ба чоп расидааст. Дар «Дебоча аз тарафи муаллиф гуфта шудасст, ки «Чун ин сарфу наҳви тоҷикӣ нахустин бор таълиф мешавад, аз …
Муфассал »САРФИИ СОВАҶӢ Салоҳуддин
САРФИИ СОВАҶӢ Салоҳуддин, маъруф ба Сарфии Жӯлидамӯй (соли таваллуд номаълум, Сова — вафот 1590, Дакан), шоири форс-тоҷик. Силсилаи насаби ӯ ба Салмони Соваҷӣ мерасидааст. Аз шогирдони Мавлоно Мӯҳташами Кошонӣ. Дар пирӣ ба Ҳиндустон сафар кард. Чанде дар Гуҷарот буд. Аз он ҷо ба Лоҳур омада, бо Файзии Даканӣ шиносои пайдо …
Муфассал »САРФИИ КАШМИРӢ Шайх Яъқуб
САРФИИ КАШМИРӢ Шайх Яъқуб (1521, Сринагари Кашмир —1594), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар назди падараш Шайх Ҳасани Осимӣ да уламои машҳури давр таҳсил кардааст. Баъд ба мамлакатҳои зиёд мусофират намуда, бо бузургони илму адаб, пешвоёни дину тариқат вохӯрдааст. Ӯро яке аз уламои машҳури замони худ, халифаи Шайх Ҳусайни Хоразмӣ (вафоташ 1549) …
Муфассал »САРФАРМОНДЕҲИ ОЛӢ
САРФАРМОНДЕҲИ ОЛӢ, сардори олии қувваҳои мусаллаҳи давлат (ё иттифоқи давлатҳо) аксар дар давраи ҷанг ва баъзан дар шароити осоишта. Сарфармондеҳи олӣ ба ҳамаи муассисаҳои гражданӣ, аҳолии ҳудуди давлат ва мавқеъҳои амалиёти ҳарбӣ ҳокимияти фавқулодда дорад. Вазифаи Сарфармондеҳи олӣ дар Россия бори аввал июли 1914 муқаррар шуд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии …
Муфассал »САРФАРМОНДЕҲ
САРФАРМОНДЕҲ, фармондеҳи қӯшунҳо (флот, авиатсия) -и ягон ҷабҳаи ҳарбӣ ё самти стратегӣ, инчунин ягон навъи қувваҳои мусаллаҳ. Дар гузашта Сарфармондеҳ барои роҳбарии тамоми армияи амалкунанда таъин мешуд, вале баробари пайдоиши фронт-ҳо Сарфармондеҳро ба ҳар як фронт таъин мекардагӣ шуданд. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ Сарфармондеҳи қӯшунҳоя ракетии таъиноти стратегӣ, пиёдагард. ФҲБ, …
Муфассал »Деҳаи САРТУҚАЙ
САРТУҚАЙ, деҳаест дар Совети қишлоқ Еваи райони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Сирдарё». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 12 километр, то район 27 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 740 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа клуб, китобхо-на, чойхона ва боғчаи бачагон дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ обчако-рист. Заминҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.
Муфассал »